Истиқлоли фикрӣ, озодии фикрӣ ё озодии андеша ба маънои доштани фалсафаи хос, асосӣ ва усулии шахс дар зиндагӣ мебошад. Истиқлоли фикрӣ, яъне эътимод ба нафс ва бовар ба худ доштан аст. Ҳангоме ки инсон барои афкору ақидаи худ асосу бунёд пайдо мекунад, дорои истиқлоли фикрӣ ва ё озодии андеша мешавад.
Аммо доштани истиқлоли андеша ва ғурури фикрӣ ҳаргиз ба маънои тасмимгирии худсарона ва бемасъулиятонаи шахс дар зиндагӣ нест, балки ба маънои шунидани машварату фикри дигарон, вале гирифтани тасмим бар мабнои усул ва фалсафаи устувори худӣ аст.
Бинобар ин, истиқлол, озодӣ ва ғурури фикрии афрод ба зеҳни ҷамъӣ ё иҷтимоӣ таъсиргузор аст ва дар сурати солим шакл гирифтани истиқлоли фикрӣ тарафҳои дигари истиқлоли ҷамъӣ, мисли истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангӣ ташаккул хоҳанд ёфт.
Вожаи истиқлол ба забони тоҷикӣ аз асли арабӣ омадааст, ки ба маънои баланд кардан, афроштан, дорои амри хеш будан, интиқол додан таъбир шудааст. Дар адабиёти ҳуқуқӣ ва сиёсии забони муосири тоҷикӣ-форсӣ истиқлол маънои ихтиёр ва озодӣ, иродаи сиёсии ҷамъӣ барои идораи кишварро доро мебошад.
Назари мутафаккирони даврони атиқа дар мавриди озодии фардӣ ё озодии инсон асосан дидгоҳҳо ва тасаввуроти инсонҳои озодаи ҳамон давронро бозтоб додааст. Масалан, андеша ва тафаккури донишмандони Юнони қадим, асосан, ҳудуд, ё қаламрави ҳамон хиттаро фаро мегирифт ва дар назар дошт. Вале баъдан, маҳз ҳамин мулоҳиза ва дидгоҳҳо боиси ташаккули ҷаҳонбинӣ ва нуктаи назарҳои фалсафӣ гашт ва мафҳуми “озодии инсон” ба вуҷуд омад.
Озодии фикрӣ аз истеъдоди инсон сарчашма мегирад. Истеъдоди инсон бояд озод бошад, зеро пешрафту такомули инсон дар гарави ҳамин озодӣ аст. Аммо озодии ақида хусусиятҳои дигар дорад. Маълум аст, ки маншаи бисёре аз ақидаҳо одат, бовар, тақлид ва таассуб аст ва ақида як навъ эътиқод ба андеша ҳисоб мешавад. Яъне фикри инсон дар чунин ҳолат ба ҷойи ин ки озод ва фаъол бошад, баста ва шахгашта, неруи муқаддаси тафаккури инсон ба далели вобастагӣ ба ақида дар даруни инсон асир ва зиндонӣ мешавад. Аз ин ҷост, ки озодии ақида метавонад зиёнбортарин пайомадро барои фард ва ҷомеа бо худ дошта бошад. Фарқи миёни озодии фикрӣ ва озодии ақида ҳамин аст. Маҳз бо мушоҳидаи ҳамин воқеият Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мегўяд:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Ки дусад лаънат бар он тақлид бод.
Андешаи озодӣ дар зеҳн ва ғаризаи озодӣ дар табиати инсон ба шакли табиӣ ва ҳамеша мавҷуд будааст. Суқрот аз аввалин ҳакимони қадим буд, ки майл ба шинохти инсон, дарки моҳияти ҳастӣ ва олами ботинии он намуд. Аммо маълум аст, ки андешаҳои фалсафии Суқротро бештар ҷанбаҳои ахлоқии ҳаёти инсон ташкил додааст. Бинобар ин, аз назари Суқрот озодии инсон бештар аз он, ки маънои озод будани шахс аз қайду басти беруниро дошта бошад, маънои содиқ будани ў ба худии худ, пайваста ҷониби ҳақиқат майл доштан ва анҷом додани амалҳоест, ки хилофи ахлоқи пазируфташудаи умумӣ ва иродаи илоҳӣ набошанд.
Афкор ва андешаи Афлотун дар бунёду маншаи худ аз андешаи Суқрот кам фарқ дорад. Ў дар муколамаи худ бо номи “Давлат” бо тасвир намудани манзараи зиндагӣ дар шаҳри Спарт маҳдуд шудани озодии инсонро раво дониста, файласуфонро ба фарқ аз одамони одӣ, инсонҳои озодтар медонад. Ва маҳз ҳамин қишр бояд ба дигарон умеди ангезаи ҳақиқат ва озодиро талқин кунад.
Тибқи таълимоти Афлотун озодии фикрӣ барои як инсон фақат вақте даст медиҳад, ки худшиносӣ дар ақли ў ҳоким шавад.
Бар рағми мактабҳои фикрии даврони атиқа ва асрҳои миёна дар даврони Эҳё таҳаввулоти фикрии азиме падид омад, ки дар меҳвари арзёбиҳои фалсафӣ дигар на дин, на омўзишҳои динӣ, балки худи инсонро қарор дод. Пико делла Мирандола аз саромадони бузурги ҳаракати фикрии даврони Эҳё, шоистагӣ ва тавоноии инсонро ба иродаи озоди ў вобаста медонист. Ба бовари ў мақоми инсон дар силсиламаротиби иҷтимоӣ на аз иродаи Худованд ва тақдири аз пеш таъйиншуда, балки ба иродаи худи шахс вобаста аст. Ин озодии ирода ба инсон имкон медиҳад, ки эҷодкор бошад ва муҳити зиндагии худро дигаргун бисозад.
Эразм Роттердамский аз мутафаккирони Эҳёи шимоли Аврупо хулоса мекунад, ки мафҳуми озодӣ дар фалсафаи ин давра ба маънои инъикоси ирода дар амалкарди инсонҳост. Ва ниҳоят озодиро як навъ тавонмандии бунёдии антропологӣ медонад, ки бар мабнои он инсон бар хоҳишу орзуҳояш бо озодии ирода ҳоким мешавад.
Тавре қаблан зикр шуд, вобаста ба марҳилаҳои таърихӣ дар афкори мутафаккирони давраҳои гуногун роҷеъ ба мафҳуми озодӣ ва моҳияти он таҳаввули чашмгир мушоҳида мешавад. Аз ҳамин нигоҳ аст, ки зеҳни башар дар роҳи даст ёфтан ба озодии ҳарчи бештар, вале ҳамроҳ бо эҳсоси масъулият дар даврони ба истилоҳ пасоэҳё мафҳуми Қарордоди иҷтимоиро тавлид кард.
Назарияи Қарордоди иҷтимоӣ муҳим мешуморад, ки инсон ихтиёран аз баъзе ҳуқуқ ва озодиҳои худ ба нафъи давлат сарфи назар кунад. Дар муқобили ин азхудгузаштагии инсон давлат вазифадор мешавад, ки манфиати ўро таъмин кунад. Томас Гоббс, Джон Локк ва Жан-Жак Руссо аз саромадони ин назария дар даврони модерн мебошанд.
Аз назари Ж.Ж.Руссо, инсонҳо озод ва баробарҳуқуқ ба дунё меоянд ва Қарордоди иҷтимоӣ созиши байни табиат ва фарҳанг аст, ки дар он иродаи умумӣ дар қолаби манофеи иҷтимоӣ (умумӣ) баён мешавад. Ба назари ў, Қарордоди иҷтимоӣ маншаи аслии машруият ва иқтидори давлат аст. Номбурда ташкили давлатро ҳаққи истисноии инсонҳои озод медонад ва мегўяд, ки давлат метавонад танҳо дар натиҷаи қарордоди иҷтимоии инсонҳои озод ва дорои иродаи озод ба вуҷуд биояд, ташкил шавад.
Албатта, назарияи Гоббс шоҳигарии мутлақ, Локк шоҳигарии либералӣ ва Руссо ҷумҳуриятро ҳимоя мекарданд ва аз ин нигоҳ дар равишҳои расидан ба қарордоди иҷтимоӣ назари онҳо аз якдигар фарқ дошт. Бо вуҷуди ин, назарияи Қарордоди иҷтимоӣ гардиши куллӣ дар ҷаҳонбинии инсонҳои давраи нав ба вуҷуд овард ва инқилобҳои иҷтимоӣ ва муборизаҳои сиёсии минбаъдаи Аврупо, аз ҷумла, таҳаввулоти азими Фаронса, ташкили давлатҳои иҷтимоӣ дар заминаи таҳаққуқи ҳамин назария шаклу сурат гирифтанд.
Ҳамин тавр, мафҳуми озодӣ, ки дар адабиёти асрҳои миёна умдатан маънои ҳокимиятро дошт, (яъне, ҳар чизе ки ҳоким мехост анҷом диҳад, амалӣ мекард, зеро озодиро ба даст оварда буд) таҳаввули ҷиддии маъноӣ касб намуд.
Мутафаккирони тоҷику форс низ аз назарияпардозони муҳимми мафҳуми озодӣ ва озодии инсон дар таърихи тамаддуни башарӣ ба шумор мераванд.
Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ намунаи олитарини инсони озода ва мутафаккирест, ки ҳамаи ҷанбаҳои озодии инсон ва моҳияти онро ташреҳ кардааст. Мавлоно ҳам мисли донишмандони атиқа эътиқод дорад, ки инсони озод, бо бархўрдорӣ аз неъмати озодӣ дорои масъулият мешавад ва агар инсон ихтиёр надошта бошад, яъне озод набошад, масъулият ҳам надорад. Мавлоно дар таърифи озодӣ ва ихтиёри инсон аз мутафаккирони ғарб ҷасуронатар амал намуда, мегўяд, ки инсон ҳатто дар пазириши куфру имон озод аст:
Куфр ҳам нисбат ба холиқ ҳикматест.
Чун ба мо нисбат кунӣ, куфр офатест...
***
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат куфру дину кеш нест.
Аммо Мавлоно қабл аз ҳар чиз барои инсон озодии фикриро муҳим медонад ва бовар дорад, ки инсон қабл аз ҳама бояд аз “дарун” ба озодӣ бирасад, яъне дар зеҳни инсон фикри озодӣ чира шавад, он гоҳ шахс озодиро дар “берун” ба худ ва дигарон метавонад эҳдо кунад.
Дар идомаи сайри таърихии такомули фикри башар роҷеъ ба озодӣ назарияи либералӣ ва неолибералӣ ба вуҷуд омад. Ин назария, ки маъно ва ҳадафи он озодихоҳӣ бар асоси қонун, қонунҳои хос аст, озодии шахсиро ҳадафи аслӣ медонанд. Ва дар ин ҷиҳат ба маҳдуд кардани қудрати беҳудуди давлатӣ, нақши барҷастаи қонун, табодули озодонаи афкор, низоми шаффофи давлатӣ, низоми шаффофи қонунгузорӣ, таъмини баробарии ҳуқуқи шаҳрвандон тавассути қонун таъкид мешавад.
Расидан ба марҳилаи кунунии рушди башарӣ, озодиҳои маданӣ, озодии миллату халқиятҳо, истиқлоли сиёсии кишварҳо ва расидани миллатҳо ба ҳаққи таъйини сарнавишти худ, бидуни шак натиҷаи талоши инсоният барои расидан ба саодати дунявист. Дар навбати худ, ҳифзи озодии андеша, такомул ва ғаризаи инсон барои даст ёфтан ба озодии бештар, расидан ба марҳилаи феълии рушду тараққиро имконпазир кардааст.
Воқеъан, таърихи башар ин назарияи Ж.Ж.Руссоро собит кардааст, ки ташкили давлат кори инсонҳои озод аст. Ҳамин тавр, то дар афкор ва зеҳни афроди як миллат андешаи озодӣ ва истиқлол зуҳур накунад ва он ба хиради ҷамъӣ табдил нашавад, заминаи озодӣ ва истиқлоли миллӣ фароҳам нахоҳад шуд.
Агар андешаи озод ва ихтиёру ирода аз афрод, ки дар якҷоягӣ миллатро ташкил медиҳанд, гирифта шавад, дар зеҳни афроди як миллат афкори ғайр талқин шавад, яқинан заминаи аз даст додани истиқлоли сиёсии миллатҳо фароҳам мешавад. Миллати тоҷик инро дар дарозои таърихи пуршебу фарози худ, мутаассифона, борҳо таҷриба кардааст. Бузургтарин ҳамлаи фикрӣ ба ақида ва андешаи миллати тоҷикро арабҳо анҷом доданд. Ба қавли А.Фирдавсӣ:
Чу бахти араб дар Аҷам чира гашт,
Ҳама рўзи эрониён тира гашт.
Ҳамлаи арабҳо барои ҳамеша сарнавишти миллати тоҷик ва масири таърихии рушди онро тағйир дод. Ва ин ҷо манзури Фирдавсӣ яқинан чирагии шамшери араб дар майдони ҷанг нест, балки ҳоким шудани ақидае, ки араб оварда буд, бар зеҳну шуури миллат аст. Ҳоким шудани ақида дар зеҳни мардум имкони андешаи озодро аз он нест мекунад. Қабл аз арабҳо мардуми эронзамин зарби теғи ҷаҳонкушоёни дигарро ҳам озмуда буд. Аммо ба таъбири Фирдавсӣ, ҳунар ҳамчунон назди эрониён монду бас, онҳо ҳунарро аз эрониён гирифта натавонистанд. Вале аъроб чун бар андешаи эрониён пирўз шуданд, тавассути таълимоте, ки оварданд, озодии фикриро аз эрониён гирифтанд, бар зеҳни онҳо ғалаба карданд. Аз ин хотир буд, ки озодӣ, истиқлоли сиёсӣ ва қобилияти ҷаҳонкушоиро барои садсолаҳо аз даст доданд ва ҳунар ҳам аз дасти эрониён рафт ва ба ресмони афкори арабӣ баста шуданд. Аммо ба қавли Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:
Банд дар по нест, дар ҷону дил аст,
Мушкил андар мушкил андар мушкил аст.
Таассубе, ки дар ақида ҳоким гашт, қобилияти зояндагии фикрии фард ва миллатро маҳв сохт. То акнун ҳам зеҳну шуур ва таҳтишуури тоҷикон - эрониён то ҳадди зиёде пойбанди фарҳанг ва андешаи арабӣ аст. Ва хатари аслие, ки ба амнияти ҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва озодиву истиқлоли миллии тоҷикон ҳамин ҳоло ҳам таҳдид мекунад, аз ноҳияи ҳамин тафаккурест, ки 1400 сол пеш дар зеҳни миллат ғолиб омада буд. Яъне, на танҳо сарзаминҳои тоҷикон аз ҷониби арабҳо тасарруф шуданд, балки бадтар аз ин, миллат мавриди истисмори фикрӣ қарор гирифт. Ва ҳатто ҳоло ҳам гарчи аз ишғоли физикӣ раҳо шудааст, ҳанўз аз истисмори фикрӣ раҳо наёфтааст. Шоири мутафаккир дуруст орзуи озодии миллат ва дурнамои расидан ба онро дар як байт ҷо додааст:
Эй қавм, туро умеди озодӣ нест,
То саҷда кунӣ ба қиблаи бегона.
(Давом дорад)
Раҳматкарим Давлатов,
номзади илмҳои таърих, директори Маркази мероси хаттии АМИТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр