Истиқлол барои миллат тоҷик дастоварди муқаддас буда, онро мардум садсолаҳо орзу мекард. Инак, он орзуву ормонҳо амалӣ шуданд. Аммо истиқлол ба осонӣ ба даст наомадааст. Заҳмат, азоб ва ҷонбозиҳои ҷавонмардони тоҷикро ҳар як фарди ҷумҳурӣ дар ёд дорад. Аз ин рў, ҳифзи дастовардҳои Истиқлол барои ҳар як фарди ҷомеа зарур мебошад.
30 сол аз нигоҳи таърих фурсати чандон тўлонӣ намебошад, вале дар ин муддат таҳти сиёсати оқилонаву одилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он қадар корнамоиҳое ба сомон расонида шуд, ки ҷавобгўи қарнҳо буда, барои миллати куҳанбунёди тоҷик ба куллӣ таърихи навин эҷод гардид. Шукр мегўем, ки фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии худ тавонистанд, сулҳу ваҳдатро барқарор ва миллатро сарҷамъ намоянд. Бо талошҳои пайгиронаву азхудгузаштанҳои Сарвари давлат миллати мо сарҷамъ, оромии сарзамин таъмин ва пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардиданд. Аз ин рў, баробари ба забон гирифтани мафҳуми истиқлолу ваҳдат беихтиёр дар пеши назарамон чеҳраи меъмори аслии он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меоянд. Барҳақ, ин бунёдкориҳо аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ оғоз гардида буд. Роҳҳову нақбҳо, неругоҳҳову пулҳо, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд гардиданд. Ба андешаи инҷониб, омўхтани таърихи давраи истиқлол барои насли ҷавон, ки аз бисёр ҳодисаҳо огоҳ нестанд, муҳим аст. Вазифаи муҳими мо, омўзгорон, дар қалби шогирдон тарбия намудани худшиносии миллӣ, ватандўстӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи ваҳдату истиқлол, меҳнатдўстӣ ва илмомўзӣ мебошад. Шоири зиндаёд, шодравон Лоиқ Шералӣ чӣ хуш гуфтааст:
Бахт механдад ба истиқболи мо,
Мешукуфад ғунчаи иқболи мо.
Меҳр миллатро ба Ваҳдат оварад,
Ҳифз созад ваҳдат Истиқлоли мо.
Кимиё Аҳмедова,
омўзгори МТМУ-и №78,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр