Нашрияи Омӯзгор

Турсунзода: бунёди 135 синфхонаи иловагӣ

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои сохтмонию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, бо иқдоми соҳибкорон Аҳрор Солиев ва Илҳомҷон Ёқубов бунёди муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Мирзо Турсунзода” барои 350 хонанда ҷараён дошта, 1 сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Бинои мактаб аз се ошёна иборат буда, таҳсил бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ сурат мегирад. Инчунин, корҳои сохтмонӣ дар муассисаи нави томактабии деҳаи Аскаралӣ Мирзоеви Ҷамоати деҳоти Ҷўра Раҳмонов аз ҷониби Мақсуд Мамадҷонов  идома дорад ва раванди корҳои сохтмонӣ дар ошёнаҳои якуму дуюм ба итмом расидааст.

Дар деҳаи Ғайрати Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷўра Раҳмонов  бо саҳми яке аз соҳибкорон муассисаи нави таълимӣ  барои 640 ҷойи нишаст бунёд ёфт.

Шоистаи таъкид аст, ки дар шаҳри Турсунзода ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад  ва соҳибкорону фаъолон дар бунёди муассисаҳои нави таълимӣ саҳми арзанда мегузоранд. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр якҷо бо соҳибкорон 135 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

 

Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,

корманди Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш