Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон сохтмони бинои муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Пўлодов” дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд бомаром идома дорад.
Бинои хуштарҳу замонавии муассисаи таълимии хусусии “Мактаби Пўлодов” аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бинои нави таълимӣ дорои 31 синфхонаи таълимӣ буда, дар ояндаи наздик бо кабинетҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Омўзиш дар ин даргоҳи маърифат бо забонҳои тоҷикию русӣ ба роҳ монда шуда, 30 нафар омўзгори ботаҷриба ба таълиму тарбияи хонандагон ҷалб карда мешаванд.
Муассисаи нави таълимӣ аз ҷониби профессор Пўлод Пўлодов муассиси ҳамноми мактаб бунёд шуда истодааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини сохтмон ва роҳбарияти шаҳр ҷиҳати анҷом додани босифати корҳо ва ободонии ҳудуди мактаб дастуру супоришҳо дод ва таъкид шуд, ки бинои нави таълимӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону омўзгорони шаҳри Хуҷанд туҳфаи арзишмандест.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омўзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр