Нашрияи Омӯзгор

Вохўрии М. Саломиён бо Ф. Бланки

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

 

12 августи соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён бо ҳамоҳангсози нави Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) барои барномаҳои муҳофизат дар минтақаи Осиёи Миёна Франсуа Бланки доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муаррифӣ намудани барномаи КБСС ҷиҳати дидорбинии оилавӣ, ҷорӣ намудани барномаи кумаки равонии КБСС барои кўдакони аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонидашуда ва табодули мавзўъҳои умумии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Ҷаноби Франсуа Бланки дар ҷараёни вохўрӣ ба Вазорати маориф ва илм барои мусоидат ба ташкил намудани дидорбинии кўдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, изҳори миннатдорӣ кард.

Дар мавриди дастгирии омўзгорону хонандагони ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ки дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дидаанд, миёни ҷонибҳо маслиҳату машваратҳои судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин, КБСС ба аъзои оилаҳои кўдаконе, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна баргардонида шудаанд ва ҳоло дар мактаб-интернатҳо ҷойгиранд, барои дидорбинии кўдакони зикршуда ёрӣ мерасонад.

 

Бахтовар САФАРОВ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш