Нашрияи Омӯзгор

Сайёҳӣ ва варзиш дар мактаб

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 759        Шарҳ: 0

Сайёҳӣ ҷузъи муҳими фаъолияти варзишии беруназсинфӣ мебошад. Усулҳои мушаххаси дарсдиҳӣ бо истифода аз сайёҳӣ, сафарҳо, мушоҳидаи мунтазам ба ташаккули маҳорати  кӯдакон, тарбияи ахлоқӣ, муҳаббат ба кор ва табиат ёрӣ мерасонад. Чӣ тавре ки аз таҷриба бармеояд, фаъолияти сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳим дар тарбияи насли ҷавон ва ҷалби онҳо ба меҳнат мебошад.

Хусусан, дарси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои амалӣ намудани имкониятҳои фаъолияти сайёҳӣ нақши муҳим мебозад. Аввалан, ин дарс на танҳо мавриди иҷро намудани машқҳои варзишии гуногун аст, балки он боиси ташаккули дониши хонандагон оид ба табиат, муносибати инсон ба табиат ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Дуюм, дарси тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо истифодаи воситаҳои сайёҳӣ дар шакли бозиҳо, таваҷҷуҳ ва талаботи машқҳои варзиширо таъмин менамояд. Сеюм, баргузории дарс бо истифодаи воситаҳои сайёҳӣ дар ҳавои кушод имконият медиҳад, ки яке аз вазифаҳои асосии варзиш – таъмини саломатӣ ҳал карда шавад.

Дарсҳои назариявӣ ва амалии варзиширо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Ҳамадонӣ на танҳо дар ҳавои кушод, балки дар толори варзишӣ ё ин ки дар синф мегузаронанд. Бисёре аз унсурҳои дар сайёҳӣ дучоршавандаро дар дарсҳои варзиши сабук, гимнастика ва ғайраҳо ворид намудан мумкин аст. Ба монанди ҷаҳиш аз монеаҳо, ба шикам ҳаракат намудан, бурида гузаштани роҳҳо, шиноварӣ, ҷаҳиш аз пул, ба банд баромадану фаромадан ва ғайраҳо, ки ивазшавии ҳаракатро таъмин намуда, барои рушди имкониятҳои ҳаракатмандӣ ва як қатор низомҳои функсионалии бадани инсон мусоидат менамояд.

Дар синфҳои ибтидоӣ бозиҳои ҳаракатнок, эстафетаҳо бо унсурҳои ҷустуҷӯ ва истифода аз харитаҳо ташкил карда мешаванд, то ки бачаҳо тавонанд худро дар масофа, масоҳат, самтҳои гуногун раҳнамоӣ намоянд. Чунончи, аз рӯи харитаи кашидашуда дар синф бачаҳо қайд менамоянд, ки ашёи дар синфбуда дар куҷо ҷойгиранд. Он гоҳ ҷойҳои онҳоро иваз намуда, аз якдигар хоҳиш менамоянд, ки ашёро ба он тавре ки дар харита нишон дода шудааст, ҷойгир намоянд. Дар раванди бозӣ бачаҳо малакае ҳосил менамоянд, ки чӣ тавр харитаро дуруст ба даст гиранд, яъне тамоюли ҷойгиршавии ашёро вобаста ба дару тиреза, девор ва мавқеи онҳо муайян намоянд. Дар синфҳои болоӣ дониши худро мустаҳкам намуда, қоидаи бозӣ ва худи бозиро мураккаб менамоянд.

Бозиҳои гуногуни ҳаракатнок бо истифодаи қутбнамо на танҳо заминаи эҳсосии дарси тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро баланд мебардорад, балки маҳорату малака рушд ёфта, таваҷҷуҳ ба дарси тарбияи ҷисмонӣ зиёд мегардад.

Мақсади фаъолияти сайёҳӣ дар мактаб воситаи мустаҳкам намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз ҷиноятҳо ва омода намудани шароит барои ҷалби мактаббачагон ба дарсҳои сайёҳӣ мебошад. Бо ин мақсад дар мактаб ташкил намудани маҳфилҳою бахшҳои сайёҳӣ, гузаронидани мусобиқаҳои сайёҳӣ, викторинаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишӣ фаъолияти донишандӯзии хонандагонро зиёд намуда, имконият медиҳад, ки хонандагон алифбои топографӣ, алифбои малакаҳои сайёҳӣ, аввалин ёрии тиббӣ ва дигар амалҳоро аз худ намоянд.

 

Мирзоватан САЛИМОВ,

омӯзгори мактаби №52,  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш