Нашрияи Омӯзгор

Тақдими 464 китоб

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 761        Шарҳ: 0

 

19 - уми августи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва иҷрокунандаи вазифаи директори USAID дар Тоҷикистон Рэнди Колстад ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии нобиноён дар шаҳри Ҳисор 464 китоби нав бо ҳуруфи брайлӣ ва бо ҳарфҳои калон тақдим карданд.

Дар оғоз вазири маориф ва илми кишвар М. Имомзода қайд кард, ки USAID дар таҳкими соҳаи маориф саҳми арзанда мегузорад ва барои ба таҳсилоти босифат фаро гирифтани кўдакон дар Тоҷикистон, бахусус, кўдакони осебпазир кумак мерасонад.

Ҷон Марк Поммершайм иброз дошт, ки аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар чопи китобҳои бачагона, аз ҷумла, бо ҳуруфи брайлӣ ва китобҳои калонҳаҷм саҳм мегузорад, то шавқу рағбати насли наврас ба омўзишу мутолиа бештар гардад ва рушду ҷаҳонбинии онҳо инкишоф ёбад.

Таъкид гардид, ки то оғози соли нави хониш тақрибан 500 нусха китоб ба мактабҳои махсуси кўдакони дорои нуқсони биноӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат тақдим карда мешавад. Такмили малакаҳои хониш ва ҷалби омўзиши хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар меҳвари фаъолияти USAID қарор дорад. USAID 80 фоизи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии Тоҷикистонро тавассути тақдими китобҳо, маводи таълимӣ ва такмили ихтисоси омўзгорон дастгирӣ мекунад. Бояд гуфт, ки USAID аз соли 2018 то имрўз ба беш аз 3000 муассисаи таълимии Тоҷикистон 1,3 миллион китоб, аз ҷумла, 7320 китоб бо ҳуруфи брайлӣ ва бо ҳарфҳои калон туҳфа кардааст.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш