Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи бинои факултети фарматсевтӣ

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои факултети фарматсевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро пас аз таъмири пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди истифода қарор дод.

Бо ифтитоҳи иншоот дар самти таҳсилоти олӣ, рушди илм, ҷорӣ намудани технологияи нави омўзиш, инкишофи малакаи касбӣ, шароити мусоид барои корҳои илмиву инноватсионӣ ва мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ имкони беҳтар фароҳам оварда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади таъмини таҳсилоти фарматсевтӣ соли 1981 факултети фармасевтии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино таъсис дода шуда, бо сабаби фаъолияти тўлонӣ бино ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва раёсати донишгоҳ иншоотро пурра таъмир намуда, муосиртарин ашёи хонишро дастрас намуданд.

Сарвазири мамлакат ба истифода супоридани иншоотро туҳфаи арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рўзи кормандони соҳаи тиб ба омўзгорон ва донишҷўёни ин боргоҳи илму маърифат арзёбӣ намуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш