Нашрияи Омӯзгор

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Сана: 2021-08-25        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашн бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрўманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.

Дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самарок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени Дўстӣ, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дўстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардиданд.

Бори аввал, тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 15 нафар омўзгори беҳтарин соҳиби ҷоиза гардиданд.

Ҳамин тавр, аввалин шуда бо ин мукофоти давлатӣ омўзгори химияи мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин, омўзгори технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ Ачилов Ҳусейн, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бандаев Сироҷиддин, омўзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷўрабой, омўзгори химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширахон, омўзгори технологияи иттилоотии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рўзиева Фароғат, омўзгори химияи литсейи интернати президентӣ барои кўдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Ҳушанг, омўзгори химияи литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Тошов Қобил, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино Холбегов Мирзоҳамдам, мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед, омўзгори математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Роштқалъа Ҷонмирзоев Эраҷ, мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад, омўзгори математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи милии Тоҷикистон Шарифов Асадулло, муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб Шоев Алмосшо барандагони ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш