Нашрияи Омӯзгор

Равшанзамиру дақиқназар

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

Омўзгори ботаҷриба, олими нуктасанҷу пурмаҳсул, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, декани факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Умар Умаров беш аз 30 соли умри пурбаракати хешро сарфи кори мактабу маориф намудааст.

Мо муддати 32 сол мешавад, ки бо ў шиносоӣ дорем ва дарк намудаем, ки зиндагӣ, кору фаъолият ва хислату рафтори ин марди наҷиб худ як мактаби бузурги омўзгорӣ, пажўҳишгарӣ ва одамгарию инсонпарварӣ мебошад. Омўзгори пешқадаму навовар, донандаи беҳтарин усулҳои таълими физика, муаллифи зиёда аз 80 китобу дастур, беш аз 450 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ, 130 номгўй ҷадвали (плакатҳои) таълимӣ аз физика барои синфҳои 7-11, муҳаррир ва муқарризи аксари китобҳои дарсию методӣ аз фанни физика ва дигар маводи таълимӣ, иштирокчии чандин семинару конференсияҳои илмӣ-методиву илмӣ-назариявии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дорандаи ифтихорномаю раҳматномаҳои дигар, - ин аст тавсифи фишурдаи фаъолияти доманадори устод.

Дотсент Умар Умаров соли 1983 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳамон сол баҳри идомаи таҳсил бо фотеҳаи неки падару модар ба шаҳри Душанбе раҳсипор мегардад ва имтиҳонҳои дохилшавиро бомуваффақият супурда, ба сафи донишҷўёни факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Ў дар давраи донишҷўиаш аз соли 1988 то соли 1990 ба ҳайси лаборанти кафедраи методикаи таълими физика (0,5 воҳиди корӣ) кор мекард.

Баъди хатми ин боргоҳи ҳунар (соли 1990) қобилияту истеъдоди Умарро ба инобат гирифта, маъмурияти донишгоҳ ўро барои кор ба кафедраи методикаи таълими физика тавсия намуд…

Солҳои 80-90 қарни гузашта дар кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳайати неруманди илмӣ ташкил гардид. Омўзгорони шинохта Ғ.Ҷабборов, Т.Шодиев, А.Норқулов Е. Двойкин, Б.Мирзоев, Ҳ. Ҷумъаев, Р. Раҳматов, Р.Тоҳирова ва дигарон  асоси ин ҳайат буданд.

Айни замон бо боварии том гуфта метавонем, ки идомадиҳандаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии онҳо дастпарвари ҳамин кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Умар Умаров  мебошад. 

Аз соли 1990 то соли 1991 ў ба ҳайси лаборанти калон, аз соли 1991 то соли 1998 ба сифати ассистент ва аз соли 1998 то 2011 дар вазифаи муаллими калон, аз соли 2011 то соли 2020 дар вазифаи дотсент ва мудири кафедраи методикаи таълими физика ва аз моҳи августи соли 2020 дар вазифаи декани факултети физика кору фаъолият дорад. Таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Нўъмонов Мансур корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, соли 2010 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Яке дигаре аз хислатҳои ин марди наҷиб - дилдодаи касби худ будан аст. Ба андешаи ғолиб, ў ба касби омўзгорӣ чун ба як кешу мазҳаб эътиқодманд аст.

Доираи фаъолияти илмӣ - методии дотсент Умар Умаров хеле васеъ буда, ба масъалаҳои умдаи таълими физика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва ташаккулу инкишофи тафаккури физикӣ бахшида шудааст. Мақолаҳо, дастурҳо ва китобҳои таҳиякардаи устод ба дарди омўзгорони физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мехўранд ва мушкилоти онҳоро осон мегардонанд.  

У. Умаров  муаллифи зиёда аз 450 номгўй кори илмӣ-методӣ мебошад, ки беш аз 80-тои онҳоро васоити методию таълимӣ ташкил медиҳанд. Бо ташаббус ва ибтикори ў аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ҷадвалҳои (плакатҳои) таълимӣ аз физика (130 номгўй) барои синфҳои 7-11 бо забони тоҷикӣ мураттаб гардида, нашр ва дастраси омўзгорони физикаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ шуд. Муаллифи китоби дарсии «Физика–8» ва Стандарти фанни физика барои синфи VIII, инчунин, муаллифи Стандарти фанни физика  барои синфи 11 мебошад. Мақолаҳои илмӣ-методиаш дар маҷаллаву рўзномаҳои бонуфузи мамлакат пайваста чоп мешаванд.

Таҳти роҳбарии дотсент Умар Умаров дар мавзўи «Усулҳои интерактивии таълим ҳамчун воситаи ташаккули тафаккур ва қобилияти эҷодии хонандагон ҳангоми омўзиши физика» кори илмӣ-таҳқиқотии фармоишӣ бурда мешаваду 3 нафар докторант (PhD) ва 2 нафар унвонҷў ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Таҳти роҳбарии устод 3 нафар соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гардидаанд.

Дотсент Умар Умаров иштирокчии фаъоли конференсияҳои байналмилалививу ҷумҳуриявӣ буда, тез-тез бо гузоришҳои нави худ доир ба масъалаҳои умдаи методикаи таълими физика баромад мекунад. Ў ҳамсуҳбат ва маслиҳатчии доимӣ ва беминнати омўзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишкадаҳои такмили ихтисоси омўзгорони ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мебошад.  

Дотсент Умар Умаров дар корҳои ҷамъиятии факултет ва донишгоҳ низ фаъолона ширкат меварзид. Солҳои 2005-2014 вазифаи котиби Шўрои олимони факултети физикаро ба уҳда дошт. Солҳои 2015-2020 раиси Шўрои мудирони кафедраҳои донишгоҳ буд. Дотсент Умар Умаров узви ҳайати мушовараи маҷаллаи «Муҳаққиқ» ва то солҳои 2004-2020 узви Шўрои миллии таҳсилот оид ба ҳамоҳангсозии барнома ва китобҳои дарсии физикаву нуҷуми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз соли 2020 раисии ҳамин гурўҳро ба уҳда дорад.    

Ин  омўзгори варзида бо хулқи  ҳамидааш азизи дилу дидаи атрофиён гардидааст.

Дотсент Умар Умаров барои даровардҳои меҳнатияш дар таълиму тарбияи насли наврас бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  сарфароз гардидааст.

Имсол марди фозилу оқил, олими шинохта ва пурмаҳсул,  устод Умар Умаров ба синни 55 қадам мегузорад. Ин синни муборакро барояш табрик мегўем ва таманнои онро дорем, ки  ҳамеша комёбу сиҳатманд бимонад.

У. Раҷабов,

Б. Қодиров,

Г. Бобониёзова,

устодони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш