Ташкил кардани бозиҳои гуногуни биологӣ барои инкишофи тафаккури хонандагон муҳим аст. Он завқи хонандагонро нисбат ба дарс ва ашёи таълимӣ зиёд менамояд.
Аз тарафи дигар, мақсаднок гузаронидани бозиҳои биологӣ хонандагонро водор менамояд, ки ба ҷавоб додану иҷрои ин ё он мавзӯъҳои биологӣ тайёр бошанд. Аз таҷрибаҳо маълум гардидааст, ки танҳо такя ба китоби дарсӣ хонандаро қонеъ намекунад ва аз дарси якранг дилгир мешавад.
Аммо вақте ки шогирдонро ба ҷустуҷӯи анаворду чайнворд, рақамҳои маънидор, шеъру чистонҳо омода месозем, ин роҳ завқи онҳоро бедор менамояд.
Шакли истифодаи бозиҳо ва сохту амалу иҷрои онҳо дар дарсҳо гуногун буда, донишу фаҳмиш, ҷаҳонбиниву маҳорат, ҷустуҷӯи хонандагонро такмил медиҳанд. Масалан, бозиҳои «Кӣ нақшаро тез пур мекунад», «Хаткашон» «Занҷири биологӣ», «Саёҳат», «Бозиҳои дидактикӣ», «Ҳамдигарро месанҷем», чистон ва зарбурмасалҳои халқӣ.
Ин гуна бозиҳо малакаи дарсазхудкунии хонандагонро зиёд намуда, онҳоро ба мустақилона кор кардан водор месозад.
Бозии «Занҷири биологӣ» бештар дар синфҳои 5-8 гузаронида мешавад, ки хонандагон номи растанӣ ва ҳайвонотро аз худ мекунанд. Ҳатто, хонандагони сустхон низ мекӯшанд, ки номеро ҷустуҷӯ бикунанд. Масалан, ҳангоми гузаронидани мавзӯи «Аҳамияти парандагон ва муҳофизати онҳо» дар синфи 8 чунин тарзи бозиро метавон гузаронид. Хонандае номи парандаеро мегӯяд, масалан «Кабӯтар», хонандаи дигаре бо ҳарфи охири калима номи парандаи дигарро мегӯяд. Ҳамин тавр, хонандагон ба тариқи зайл давом медиҳанд: кабӯтар, рябчик, кабк, каргас, саъва, акка ва ғайра. Хонандае, ки номеро ёфта наметавонад, бо ҳарфи охири номи аввала се номи ширхӯрро номбар мекунад.
Яке аз бозиҳои шавқовари таълими биология ин бозиҳои дидактикӣ мебошад. Ба хонандагон варақчаҳои суратдор дода мешавад, ки дар он сурати кабӯтар тасвир шудааст. Хонанда дар бораи сурати гирифташудаи худ маълумот медиҳад.
Ин бозӣ, яъне «Рақами маънидор» байни гурӯҳҳо гузаронида шуда, бештар аз хонанда хотираи қавӣ доштанро талаб мекунад.
Масалан, ҳангоми гузаштани мавзӯи «Синфи ширхӯрон» дар дарси ҷамъбастӣ ба хонандагон дар тахтаи синф рақамҳои маънидорро менависем:
4-хонагӣ; 7-то, 280, 16 ва ғайраҳо. Ҳар як хонанда оид ба ин рақамҳои маънидор маълумот медиҳад; масалан дили 4-хонагӣ, 2 даҳлез ва 2 меъда.
Ташкили ин бозӣ хонандаро водор мекунад, ки бештар ҳангоми омӯзиш бо рақамҳо низ аҳамият дода, рақамҳои даркориро аз худ кунад.
Хулоса, барои шавқовар гузаронидани дарсҳои биология истифодаи чунин бозиҳо самаровар аст.
Муҳаббат Намозова,
омӯзгори бологияи
гимназияи рақами 1,
барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр