Нашрияи Омӯзгор

Меҳри безавол

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Ту дар як навиштаат нақл карда будӣ, ки омўзгори нахустинат, ки ҳарфу ҳиҷоро ёдат дода буд, бо хатми синфи як ба хизмати сарбозӣ даъват шуд ва қалбат моломоли андуҳ ба фикр фурў рафтӣ, ки дар синфи дуюм кадом омўзгоре ҷойгузини устодат мешуда бошад? Устодат Бегмурод Давлатовро то роҳи калони мошингард гусел кардӣ ҳамроҳи ҳамсинфонат ва ба назарат чунин намуд, ки байни замину осмон танҳою зор, бемуттако мондӣ. Ё дар  пиндорат чу падарат ҷилвагар шуда буд, ё меҳри беандозаи ў дар ошёни қалбат ҷо бигрифта буд амиқан? Ҳар чи буд – набуд, то дер гоҳ мағмуму парешонхотир рўзҳоро паси сар кардӣ ва … Ва чун ба синфи дуюм  по гузоштӣ, директори дабистон, зани миёнақади сахтгиру серталаб Башорат Қурбонова ҳамроҳ бо ду муаллима, ки яке тоҷик буду дигаре рус ба синфхона ворид шуданд. Директор онҳоро ба шумо шинос намуд. Бонуи хушқадду қомати сарвболоро, ки нигоҳаш хайрхоҳона буду рўяш чу кулчаи ширмол метофт, ба сифати муаллими асосӣ муаррифиятон кард ва гуфт, ки ў Муслима Обидова ном дорад. Зани зебои русро, ки қадбаланду мўйҳояш хурмоиранг менамуд, низ шинос кард ва изҳор дошт, ки ў аз забони русӣ ба шумо дарс мегузарад, исмаш  Любов Андреевна Гнаткост. Дар шигифт мондӣ: аҷаб, аҷаб, муҳиту фазо дигаргун шуда, ба ҷойи мард зан дарс медиҳад. Дарсаш чӣ тавр мегузашта бошад? Ў аз куҷост? Боз бадқаҳру нозук набошад? Зани рус чӣ? Забони русӣ чӣ гуна забон бошад? Ва чаро бояд забони русиро биёмўзед? Лак-лак қатор мешуданд саволҳо  ва оламеро дар хаёлат ба зуҳур меоварданд, ки хира, ғарибу ноошно таҷаллӣ мекард. Аммо ин ҳама тахмин буду аз қавле, «фолбинӣ». Дарсҳо ин гуна оғоз ва ҷараён гирифтанд ва бонуи қадбаланди кушодачеҳра Муслима Обидова ба омўзонидани матнҳо аз китоби «Хониш» ва тарзи навишту аз худ кардани қоидаҳои сарфу наҳв  шурўъ кард. Дар ёдат ҳаст, ки китоби «Хониш»-и синфи 2 муқоваи зардранг дошт. Ва муаллима нахустин амале, ки анҷом дод, хондани матн ба шогирдон ба таври санҷиш буд. Мехост бифаҳмаду дақиқ кунад, ки  чанд нафар матнро ба гунаи аъло мехонанду чанд тани дигар равон, чанд нафаре бо ҳиҷою сакта ва  гурўҳе  суст мехонанд ва ҳанўз ҳарфу ҳиҷоро ёд нагирифтаанд. Вай ҳар як хонандаро ба назди тахтаи синф даъват ва китобро кушода, матнеро барои хондан пешниҳод мекард. Чун бад-ин тарз ҳамагӣ матнро хонда шуданд, муаллима ба чеҳраатон дида дўхта, фикрашро хулоса кард:

-Хонданатон бад не, лекин ман дар дафтарам қайд кардам, ки ду-се нафар ҳанўз дуруст хонда наметавонанд. Ҳарфро мешиносанд, бо ҳиҷо мехонанд, аммо ин ҳанўз маънои хонданро надорад. Ана, ҳамин ду-се нафар саъйю азм бояд кунанд, то ба пешсафон баробар шаванд. Агар коҳилӣ кунанду бепарвоӣ, оянда барояшон мушкил мешавад. Ман сахт мегирам. Чӣ тавр сахт мегирам? Баъд сарфаҳм меравед. Сипас, муаллима фаҳмидан хост, ки дар синфи якум кӣ сардори синф буд?

Ту шармида-шармида аз ҷоят баланд шудӣ.

-Ман сардори синф будам,- посух додӣ ва оби шарм ба рўят давиду суп-сурх шудӣ.

-Нағз, нағз, - гуфт муаллима таҳсиномез ва афзуд, ки имсол ҳам сардори синф худат мемонӣ.

-Лекин шарт ҳамин ки бо хонандагони сустхон кор мебарӣ, ба ман ёрӣ мерасонӣ, фаҳмидӣ?

Ту бо ишораи тасдиқ сар ҷунбондӣ ва бо амри муаллима нишастӣ бар ҷоят.

Аз математика бошад, санҷишро аз хонаи зарб оғоз кард муаллима. Ҳамаро як - як аз хонаи 2 сар карда, то хонаи 9 чунонки мегуфтанд, аз «карат» пурсон гардид.  Дар хатми пурсиш таъкид кард,  касоне, ки дуруст хонда наметавонанду хонаи зарбро намедонанд, агар ислоҳ нашаванд, пас аз машғулиятҳо манъашон мекунам, бигузор хонанду омўзанд, пешсаф шаванд.

Оҳиста-оҳиста бо муаллима ва дарсгузарии ў одат кардӣ ва аз чӣ бошад, бесаброна мунтазири оғози машғулиятҳо мешудӣ. Мушоҳида мекардию пай мебурдӣ ки муаллима пурхондаву босавод аст. Машғулиятҳоро ҳам аз «Хониш» ва ҳам «Математика» шавқовару ҷолиб мегузаронад. Дарсҳои расмкашӣ, таълими меҳнат, суруд ва тарбияи ҷисмонӣ бағоят ҷаззобу хотирмон баргузор мешуданд. Муаллима дўст медошт  шеъри бисёр аз худ карда бошед, дўст медошт чолоку ҷалд, серҳаракат ва аз пайи саъйю талош бошед.Ҳангоме ки аз хониш ҳикоя ё афсонаеро нақл мекард, ту бо ҳамсинфонат саропо гўшу ҳуш ба муаллима мешудед ва ба оҳанги гуфтори ў шавқу меҳр пайдо мекардед. Ҳар як дарсаш мамлў аз панду андарз буд. Таъкид мекард, ки бадтарин хислати инсон дурўғ гуфтани ўст.

-Аз дурўғгўй ҳама афъоли баду зиштро метавон умедвор шуд. Дурўғгўй одами бешарм аст, бешараф аст. Аз ин рў, ҳеҷ гоҳ дурўғ нагўед. Боз мегуфт, ки рафтори зишти дигар дуздӣ кардан мебошад.

-Оне, ки даст ба дуздӣ мезанад, аз хиёнат низ рў намегардонад.

Дар бораи эҳтироми падару модар ва солхўрдагон зиёд қисса мекард, ҳикоятҳо мегуфт:

-Ҳар ки падару модар ва калонсолонро ҳурмату иззат намекунад, ватанро дўст  дошта наметавонад. Чун ватанро дўст дошта натавонист, ба ў  умеду бовар кардан, умед бастан нашояд. Аз ин гуна суханҳои пандомўз зиёд мегуфт муаллима ва туву ҳамсинфонатро мафтуну маҷзуби хеш мегардонд. Дар дарси таълими меҳнат гулдўзиро меомўзонд.  Чӣ ҳунарманди гулдасте буд муаллима. Мегуфт, ки ба шумо тарзи дўхтани гулро дар матои сафед ёд медиҳам. Бодиққат бошед. Ва ришта ба сўзан гузаронида, ба дўхтани гули садбарг дар рўйи матои сафед мепардохт. Ончунон сўзан мезаду гулдўзӣ мекард, ки ту бо ҳамсинфон чӣ тавр аз ҷоятон бархоставу дар гирди муаллима парвонавор ҷамъ шуданатонро пай намебурдед. Чевари моҳир буд муаллима. Аз риштаҳои сабзу сурху гулобӣ, ҷигарию хокистарӣ, сиёҳ истифода мекард ва як вақт бо ду чашми сар медидед, ки дар рўйи матои сафед гулдўзии муаллима бо ҳама зебоию назофаташ ба пайдо омадааст. Гули садбарги зинда. Даст расонда аз шоха канам мегуфтӣ.Дар машғулияти тарбияи ҷисмонӣ бозиҳои гуногунро ба роҳ мемонд ва худ ҳамроҳи шогирдон иштирокдори асосӣ маҳсуб меёфт. Бо тўби хурд, калон чӣ тавр бозиҳои шавқовар ташкил мекард! Ва ту чизи дигареро пай бурдию ба мушоҳида гирифтӣ. Муаллима дар танаффусҳо, вақте омўзгорон дар майдонча ба волейболбозӣ машғул мешуданд, яке аз бозигарони моҳир ба шумор мерафт. Бахусус, ҳангоме ки бо тўб зарбаи ҷавобии сахт мезад ва онро дар ёдат ҳаст, ки «тушит» мегуфтанд, аз командаи ҳарифон касе гардонда наметавонист ин  зарбаро.  Аз ҷояш ҷаҳида, бо дасти рост чунон бо тўб зарба мезад, ки ҳама даҳонво монда, ба муаллима, ки рўймоли алвониаш каме ба гарданаш ғеҷида буд, менигаристанд. Ингуна муаллима дар дарсҳои хониш ва забони модарӣ супориш медод, ки аз китобхонаи мактаб ва ҷамоат, ки дар деҳа ҷойгир шуда буд, китобҳои бадеиро ёфта, мутолиа кунед. Ва ту бо дўстонат ба хондани асарҳои  бадеӣ рў овардӣ. Асарҳои Марк Твен «Шоҳзода ва гадо», «Саргузашти Том Сойёр», С.Айнӣ «Мактаби куҳна», «Одина», Убайди Зоконӣ «Муш ва гурба», Гулчеҳра Сулаймонова  «Чил кокули бозигар» аз асарҳое буданд, ки бо ҳидояти муаллима дарёфта мутолиа карда будӣ. Лаҳзаҳое мешуд, ки ту ва ё ягон ҳамсинфат (чи духтар, чи бача) бемор шуда, аз шарму хиҷолат наметавонистед, ки ба муаллима дар ин  хусус ҳарф бизанед. Чӣ донову ҳушманд ва дилсўзу рўҳшинос буд муаллима! Аз вазъи хонандае, ки табъаш хираю нотоб буд, зуд пай мебурд ва «сумкаатро бигир, ба ту ҷавоб, зудтар ба хонаатон рафта, бихоб», - мегуфт ва шогирди нотобашро то дарвозаи дабистон ҳамроҳӣ мекард.

Боре, ҳини фасли зимистон то аз ферма (чун ба модарат ёрӣ мерасондӣ) омада, хўрок хўрда, роҳ сўйи мактаб гирифтӣ, ки дер кардӣ ба дарс. Дар роҳи яхбаста лағжида афтидӣ, панҷаҳоят карахт шуда буданд. Ниҳоят, ба мактаб расида, дари синфро бо азобе кушода, ларзон-ларзон ба муаллима нигаристӣ.

-О, бача, дарси якум ҳамин ҳоло ба охир мерасаду ту нав расида омадӣ?-пурсид аз ту муаллима ва ба ҷавобат интизор нашуда, иҷозати нишастан дод.

Машқеро аз забони модарӣ иҷро мекарданд. Китобу дафтаратро аз сумка баровардию ручкаро дар рангдон тар карда, ҷумлаҳоро ба дафтар кўчондан хостӣ. Аммо натавонистӣ. Панҷаҳо аз таъсири сармо карахт шудаву ба ту итоат намекарданд, ки ручкаро ба даст гирӣ. Муаллима мушоҳида кард, ки машқро нанавишта истодаӣ, наздикат омада, пурсид, кӣ чӣ шуд ба ту? Чаро ҷумлаҳоро ба дафтар наменависӣ?

Аз шарму хиҷолат ва ҳолати тазъйиқоваре, ки домангират гардида буд, сар хам кардию базўр пичиррос задӣ:

-Панҷаҳоям хунук хўрда-анд, карахтанд.

Муаллима аввал банди телпакатро кушода, онро аз сарат гирифт, баъд мўйсаратро сила карда, «ҳеҷ гап не, дар назди бухорӣ як дам нишаста дастонатро гарм мекунӣ  баъд, вақт расад, машқро ба дафтарат мекўчонӣ. Зиқ нашав!»,-гуфт.

Ту ашк рехтӣ, худат нафаҳмида. Барои чӣ? Инро дер,  вақте ки синфи 8-ро хатм мекардӣ, сарфаҳм рафтӣ.

Вақте сарфаҳм рафтӣ, ки модарат сахт бемор шуду қариб буд ин олами сарсабзу рангинро ба таври абадӣ падруд гўяд. Он дам байни муаллима Муслима Обидова ва модарат тақрибан тафовуте пайдо накардӣ. Туро хеле- хеле дўст медошт муаллима. Ҳамроҳи  4-5 нафари дигар, ки пешқадами синф ба ҳисоб мерафтед, барои иштирок дар маҳфилу чорабиниҳои мактабӣ омода менамуд. Мегуфт, ки умедам аз шумо хеле зиёд. Ҳамин тариқ, рўзҳо тирвор мегузаштанд, синфи дуюмро хатм карда, ба синфи 3 гузаштед. Маротибае  воқеаи дигари булаҷабе рўй дод, ки муҷиби он туро донистанд. Рўзе аз рўзҳои охири моҳи май буд. Дар саҳни ҳавлии дабистон, баъди бозии тўлонӣ дам мегирифтед, ки нигоҳат ба дуродур дўхта шуд ва дар талу теппаҳои гандумзори Моштеппа тамаркуз ёфт. Манзараи чашмрабои гандуми сабзфом, ки аз дуриҳо бо вазидани бод чу баҳр мавҷ мезад, таваҷҷуҳатро барангехт ва ба бачаҳои ҳамсинфат гуфтӣ, ки биёед, ба тали Моштеппа меравем. Аз наздик бибинем, ки дар он талу теппа чӣ кошта шудааст, ки ин қадар зебову қашанг менамояд ба чашм? Дарсро фаромўш кардеду шитобзада роҳ ба сўи тали гандумзор, ки тақрибан як километрро ташкил медод, гирифтед. Арақшору нафасгир баъди роҳу пайроҳаҳоро тай кардан оқибат ба тали Моштеппа расида, дидед, ки гандум дар он мавзеъ қад кашидаву хўша бастааст. Ва ҳангоми вазиши насими баҳорӣ гандуми сабз бо хўшаҳои синоншакли худ мавҷ мезанад, аз қавле, «мурғак меравад». Бори аввал аз наздик гандумро медидед. То ин дам дар бораи аз он орду нон тайёр кардан аз китоб хондаву аз нақли падару модарат шунида будӣ. Ҳамакнун худе, ки муъҷизаеро ногаҳон пайдо карда бошӣ, тўлонӣ ба майдони гандум менигаристию менигаристӣ. Тали Моштеппа зина-зина дар баландӣ ҷойгир шуда, доманаи он ба уфуқ пайваст шуда буд. Яке ба хотиратон мактаб расиду дарсҳо ва садои занг аз дурӣ канда-канда ба гўшатон расид, ки беқарор ба сўйи мактаб  шитобидед. Табиист, ки аз дарси навбатӣ дер мондед. Сабаби дер монданатонро муаллима фаҳмидан хост. Ба ҷойи 10 нафар ҳамсинфат сархам ҷавоб додӣ, ки хостем ба тали Моштеппа рафта, аз наздик бибинем, ки дар он ҷо чӣ кишта шудааст, ки ин қадар аз дурӣ зебову муҷалло менамояд. Каб-кабуд, мавҷ мезанаду мавҷ мезанад. Зебо,  диданӣ!

-Ва ту бо рафиқонат ин зебоиро эҳсос кардӣ? – пурсид банди хаёл муаллима.

-Намедонам, аммо ба Худо, ки манзараи нотакрор аст, - посух додӣ. Мо гандумро бори аввал аз наздик дидем, муаллима.

-Эҳ, ту, - хитоб кард бо овози нарм муаллима, - оянда нависанда мешавӣ чӣ бало?

… Ва ту қалам ба даст гирифта, ба навиштан машғул шудӣ. Аввалин лавҳаи навиштаат дар бораи ана  ҳамон тали Моштеппаву манзараи мафтункунандаи гандумзор буд.

Муаллима дар синфи сеюм ҳам ба шумо худаш машғулият гузаронд. Аз чӣ бошад, дарсҳои  муаллима ба ҳамаи хонандагони таълимгоҳ писанд буд ва хонандагони дигар синфҳо низ дар орзуи он буданд, ки Муслима Обидова якборакак ба онҳо дарс гузаронад. Дар синфи сеюм ягон нафар танбалу қафомонда намонд. Ҳама хондану навиштан ва  ҳал кардани мисолҳоро (хусусан, зарбу тақсими ададҳои дурақамаю серақама)-ро аз худ карда буданд. Бо ҳидояту раҳнамоии муаллима дар як кунҷи синф гўшаи китобҳои бадеӣ ташкил кардед. Тобистони он сол (соли 1972) муаллима аз мактаб рафт. Мегуфтанд, ки дар дабистони зодгоҳаш корро идома медодааст. Ва ту боз ғамгину ошуфтаҳол, дар олами рўъёҳои худ мондӣ. Роҳ мепоидӣ, мунтазир мешудӣ, ки шояд овозаҳо дурўғ бошанду муаллима ногаҳонӣ аз дарвозаи мактаб оҳиставу нарму бесадо ворид шуда меояд.  Дар синфи чор ҳам аз забон ва адабиёти тоҷик ба шумо машғулият мегузаронад? Кӣ медонад? Вале… муаллима дигар наомад... Бо гузашти тақрибан 18 сол, боре дар озмуни ноҳиявии мактабиён аз забон ва адабиёти тоҷик ту муаллимаро, ки хеле тағйир ёфта, ба мўйҳояш сафедӣ афтода буд, дар роҳрави таълимгоҳи деҳаи Мавлоно дучор омадӣ. Думбол гирифтӣ ўро, вале ба кадом синф  ворид шуд, ки гум кардияш. Туро кадоме ҷеғ зад, шогирдат буд, ки барояш қалам лозим шудааст. Ва муаллимаро дигар  вонахўрдӣ.

Инак, аз айёми мактабхоният 45 сол пушти сар мешавад. Муаллимаи азизат дар куҷосту чӣ ҳол дошта бошад? Намедонӣ?! Ман ҳам намедонам.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш