Дар арсаи бапаҳнову пурҳаводиси таърих чунин иттифоқ афтода, ки қисмате аз адибон на танҳо бо осори баландмазмуну ҳунармандонаи худ, балки бо рўзгору омоли рангину пуршебу фарозашон низ шуҳрат дарёфтаву эҳтиром афзудаанд, ҳам ба сират, ҳам ба сурат хуҷаставу фархунда будаанд, азми дилу ҳарфи забон эшонро мутобиқу мувофиқ афтодааст. Бузургон даъват кардаанд, ки «Зоҳиру ботини худ яксон кун» ва низ ба оҳанги аҳсант хитобидаанд: «Эй, ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест».
Дар анҷумани адибони тоҷик зумрае чунин хисолро дар сатҳи баланд доштаанд, ки яке аз онҳо устод Сотим Улуғзода аст. Ҳар қадар эҷодиёти ин адиби маъруфу маҳбуби халқи тоҷик барҷаставу олӣ бошад, ҳамон қадар шахсияти ў низ писандидаи ҳамагон гардида. Ба ибораи нависандаи шинохта Мутеулло Наҷмиддинов, устод Улуғзода дорои «сурати башарию сирати малакӣ» буд. Аҳли таҳқиқ ин адиби шарафмандро яке аз шогирдони бовафою арзандаи устод Садриддин Айнӣ дониста, дар таърихи адабиёти навини тоҷик ҷойгоҳи ўро пас аз ин устоди абарқудраташ – дар мақоми дуюм муқаррар кардаанд. Устод Улуғзода аз пурмутолиатарин адибони тоҷик буд ва албатта, осори баргузидаву бо майли том хондааш ба шахсияти ў бетаъсир намонда. Адиби номвар бо ҳидояти устод Айнӣ ба омўзиши таърихи халқи бостонии худ мепардозад ва батадриҷ меҳру алоқамандии ў ба таърих амиқтару нерумандтар мегардад.
Зимни суҳбате устод Айнӣ ба шогирдони истеъдодмандаш С. Улуғзода ҳасратомез мегўяд: «Таърихи дигар халқҳо, халқҳои тарафи Ғарб, халқи Русия, дар адабиёти нафиса ба қадри даркорӣ инъикос ёфтааст. Таърихшиносон таҳқиқ карданду нависандагон ба воситаи санъати худ дар дил ва ҳисси халқи худашон ҷойгир кардаанд. Мо накардем.» Ҳасрати устод ба шогирдон бетаъсир намемонад ва аз ин пас Улуғзодаи ҷавон ва тозаниҳоли боғи адабиёт ҷиддан ба таърих, ба корномаи беназири халқи худ рўй меоварад. Аксар таърих омўхтаанду садҳо китобро аз ин боб ба поён овардаанд, вале омўзиши устод Улуғзода дигар буда. Ў бо иштиёқи том, бо дилу дидаи амиқбин, бо меҳру муҳаббат нисбат ба аҷдоди хеш, бо андешаи ҳикматпазир ва аҳдофу ниятҳои нек меомўхт таърихи ниёгонашро. Бардоштҳову таассуроте дошт бавусъат ва муассиру дилпазир. Таърихи ниёгон дар сиришти нависандаи ҷавон ҳисси хештаншиносию ифтихори миллиро бедору устувор сохт, эътиқоду самимияташро нисбат ба халқи арҷманд ва диёри бостонбунёдаш дучанд кард, азми эҷодашро неру бахшид, самти фаъолияташро дар олами адаб дақиқан муайян намуд. Аз ҳамон айём дар умқи дили нависанда барои эҷоди асарҳои барҷастааш «Ибни Сино», «Алломаи Адҳам», «Қисмати шоир», «Рўдакӣ», «Темурмалик», «Ривояти суғдӣ», «Восеъ», «Фирдавсӣ» заминан созгор фароҳам омад. Ба вижа, омўзиши амиқу дақиқи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ангезае пурсамар ва меҳрбор дар ҳастии адиб ба вуҷуд овард. Даҳои Фирдавсӣ ва неруи бешикасти Рустами Дастон Улуғзодаро мафтун кардаву оташи ифтихори миллиашро аланга дардода буд.
Хомаи Фирдавсӣ то бошад мадагор,
Пуштбонӣ то кунад бо сеҳру неруи
сухан,
Ҳеҷ кас бар Рустами Дастони ў
Ҳеҷ гаҳ пирўз натвонад шудан!
Нависандаи ватанпараст Фирдавсиро ҳамчун офаридгори маснаднишини сухан ва Рустамро ҳамчун пуштбони бешикасти марзу буми ниёгон пазируфт ва ин ҳам ба қалам ва ҳам ба ниҳоди ў таъсиргузор шуд.
Воқеан, устод Улуғзода, метавон гуфт, ки тамоми умр бо Фирдавсию «Шоҳнома»-и ў буд ва ба тасдиқи иддае аз сарчашмаҳо, дар солҳои 30-юми садаи 20 дар пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе (он ҳангоми Сталинобод) ду нафар «Шоҳнома» -ро қариб пурра азёд медонистаанд: Улуғзода ва Абдушукур Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ. Худи адиби маъруф иртиботу дилбастагиашро бо шоҳкори Фирдавсӣ зимни суҳбат бо адабиётшиносе чунин тавзеҳ бахшидааст: «Солиён ҳамдил, ҳампаймон ва ҳамнишини Худованди сухан - Ҳаким Фирдавсӣ будам. Меҳр ва ғами Фирдавсӣ ба ҳадде бароям бузург гашт, ки ҳамеша дар ҳалқаи садо, номаи рўҳ ва нури нубуғи ҳунарии ў зиндагӣ мекардам ва ҳамеша ҷовидон ҳамсафару тасаллобахши ҳамдигарем».
Ба назари мо, бар асари ин дилбохтагии танготанг ва шефтагӣ устод Сотим Улуғзода ҳам аз эъҷози суханпарварии Фирдавсии қудсӣ баҳравар гашту ҳам чун яке аз қаҳрамонони диловару вафодори «Шоҳнома» (чун Рустаму Исфандиёру Коваю Суҳроб…) дар зиндагӣ шинохта шуд. Ҳамакнун дар адабиёти тоҷик устод Улуғзода ба гунаи як ҷавонмарди донишманду ватанпарвар, солору устувор, ботаҳаммулу амиқнигар, садоқатпешаву волоҳиммат шинохта мешавад ва ҳаёту эҷодиёти ин абармарди адабиётро бидуни корбасти фаровони ибораҳои «садоқат ба Ватан» ва «ифтихори миллӣ» наметавон тавзеҳ бахшид. Ин аст шарафу саодату абадияти нависандаи маҳбуб!
Устод Улуғзода пас аз шуҳрату мавқеъ ёфтан дар арсаи адабиёту дар миёни мардум ба касрати ҳодисае маълум муддате нобаҳақ ва ноҷавонмардона зери фишору тазъйиқи иддае аз ҳамватанону ҳаммиллатонаш, ки ҷилави мансаб дар даст доштанд, монд, азоби рўҳӣ кашид, вале ҳаргиз шикаста нашуд, меҳру алоқамандиаш ба Ватан заррае коҳиш наёфт, ў ҳамоно ифтихори миллии баланд дошту бо ёди қаҳрамонону номбардорони миллат мезист. Ва ниҳоят, дар 74 – солагӣ, пас аз андешаву мулоҳизаву радду бадалҳову омодагиҳои нимасра шоҳасари барҷастаи хеш – «Фирдавсӣ» - ро навишту ба ормони дил расид. Ин романи таърихӣ зуд шуҳрату эътироф дарёфт, дар Тоҷикистон бо теъдоди зиёд, батакрор чоп шуд ва дар Эрон ғолиби озмуни «Китоби сол» гардид ва инак, даҳсолаҳост, ки мавриди мутолиаи пайвастаи наслҳои миллат қарор дораду дар китобҳои дарсӣ ҷой гирифтааст, асари писандидаи ҳамагон мебошад.
Халқи тоҷик ифтихорманд аст, ки тақдир барояш дар қарни 20 дар баробари устодон Айниву Лоҳутӣ, Икромию Турсунзода устод Сотим Улуғзодаро эҳдо карда. Нависандае, ки дар чандин бахш – таҳқиқи илмӣ, таърихнигорӣ, драматургия, журналистика, наср, тарҷума… фаъолияти муваффақона дошт, дар муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат варзидаву афсари Ватан гашт, тавассути осори миллатдўстонааш ҳисси меҳанпарастию ифтихори миллиро дар ниҳоди ҳамдиёронаш тақвият бахшид, ғояҳои дўстию ваҳдат ва садоқату матонатро тарғиб бинмуд, дар ҳама ҳолат ба миллат содиқ монд, қаҳрамонону диловарону фидокорони Ватанро самимона сутуд, ҳофизаи таърихии миллатро ҳифз кард, бо қаҳрамонони Тоҷикистон, устодон Айниву Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҳамкорию дўстии пурсамар дошту дар ҳамбастагӣ бо онҳо шуҳратафзои халқи тоҷик гашт, шуҳрату эътибори адабиёти моро боз ҳам боло бурд, дар тарбияи чанд насли адибони тоҷик нақши босазо гузошт… Агар зиндагӣ арсаи набард бошад, устод Улуғзода дар ин набард абармард буд. Шоиста аст, ки номи ин нависандаи тавоно дар қатори қаҳрамонони Тоҷикистон бошад.
Агар замоне дар бораи ў асари мукаммале навишта шавад, воқеан ҳам, шоиста ва мутобиқ ба маънии кору эҷодаш хоҳад буд, агар ин асар «Улуғзода вафодори Ватан буд» ном бигирад.
Ба ҳар ҷое чароғи анҷуман буд,
Ба халқаш ҳамнафас, ҳамҷону тан буд,
Садоқатпеша буду тозаэҷод,
«Улуғзода вафодори Ватан буд».
Исмоил ЗАРИФӢ,
шоир ва омўзгор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр