Нашрияи Омӯзгор

Забон ва имконияти рушди он дар Ишкошим

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Ноҳияи Ишкошим аз се минтақаи ҷуғрофӣ-Ғорон, Ишкошим ва Вахон иборат буда, ягона ноҳияи бисёрзабона дар кишвар маҳсуб меёбад. Аҳолии он асосан аз се гурўҳи этникӣ иборат буда, ба ҷуз аз забони тоҷикӣ, боз бо забонҳои вахонӣ, ишкошимӣ ва лаҳҷаи бадахшонии забони тоҷикӣ гуфтугў менамоянд. Ба ибораи дигар, ноҳияи Ишкошим осорхонаи зиндаи забонҳои бостонии ҳиндуаврупоӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз қисматҳои дилписанди ноҳия минтақаи Ғорон Карон ном бурда мешавад. Ғорон асосан вожаи қадимии эронӣ буда, шакли вожаи ғор (ғар)-ро ифода намуда, маънои луғавии ғор-шикоф(мағора) ва кандаи табиӣ ва ё сохта дар кўҳ ва талро ифода менамояд, Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки калимаи “ғор” ё “ғар” вожаи қадимии форсист ва маънои “кўҳ”-ро дорад. Пасоянди калима “он” ҷой ва маконро ифода менамояд.

Ғорон минтақаест, ки дар он яке аз шеваҳои бадахшонии ширину шакарин ва шоиронаю дилнишини забони тоҷикӣ, бо истилоҳ “порсӣ” такаллум ва пос дошта мешавад. Бо ин гўиш, инчунин, сокинони деҳаҳои Авҷ, Мулвоҷ, Яхшивол, Нуд, Удит, Чилтоқ, Ямг, Нижгари ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва сокинони Ғорони Афғонистону баъзе деҳаҳои вулусволии Султон Ишкошими Афғонистон низ гуфтугў менамоянд.

Минтақаи дигари ноҳия-Ишкошим, минтақаи ҷанубию марказии ноҳия маҳсуб меёбад. Сокинони ин минтақа ба ҷуз забони тоҷикӣ, инчунин, бо забонҳои ишкошимӣ, вахонӣ ва шеваи бадахшонии забони тоҷикӣ низ гуфтугў менамоянд. Забони ишкошимӣ яке аз забонҳои қадимтарини ҳиндуаврупоии гурўҳи забонҳои эронӣ мебошад, ки расман ба гурўҳи забонҳои азбайнрафтаистода шомил мебошад ва ба “Китоби Сурх”-и Юнеско (1995, 2008, 2012) ворид гаштааст. Бо ин забон сокинони деҳаи Рин (1077 нафар) ва Сумчини (385 нафар) ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва 11 деҳаи вулусволии Ишкошими Афғонистон гуфтугў менамоянд.

Мувофиқи маълумоти ташкилоти ҷамъиятии “Гулу гиёҳ”, ки ба масоили омўзиши тарзи зист, фарҳанг ва мавқеи иҷтимоии минтақаи Ишкошими Афғонистон машғул аст, шумораи аҳолии ба забони ишкошимӣ такаллум мекардагӣ дар ин минтақа 2000 нафарро ташкил медиҳад. Яъне шумораи умумии аҳолие, ки бо забони ишкошимӣ гуфтугў менамоянд, бо баҳисобгирии аҳолии хориҷ аз минтақа қариб 3500 нафарро ташкил медиҳад.

Забони ишкошимӣ боз ба се шева: ишкошимӣ (гуфтугўи сокинони деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим) ва шеваҳои зебокӣ ва санглеҷии Афғонистон ҷудо мешавад. Шеваҳои санглеҷӣ ва зебокӣ, мутаассифона, аз байн рафтаанд.

Омўзиши забони ишкошимӣ соли 1876 аз ҷониби забоншинос Р.Шоу поягузорӣ шуда, минбаъд аз ҷониби помиршинос И.И.Зарубин идома дода шуд. Омўзиши бунёдии он бошад, ба забоншиноси Шўравӣ Пахалина Т.Н. тааллуқ дорад, ки ибтидои аввали солҳои панҷоҳум се маротиба ба деҳаи Рин сафари омўзишӣ-тадқиқотӣ анҷом дода, натиҷаи пажуҳишашро соли 1959 дар шакли китоби алоҳида, таҳти унвони “Ишкашимский язык” ҷамъбаст намудааст. Ин китоб соли 2017 аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Гулу гиёҳ”, бо дастгирии “Фонди Кристенсен” аз нав чоп гардид. Ҳамзамон саҳми олимони соҳибзабон Назарова Зарифмо ва Назаров Назар дар пажўҳиши ин забон назаррас мебошад. Адибони соҳибзабони деҳаи Рин, аз зумраи О. Назарзода, Қ.Маҳрамбеков, Н.Раҳмонӣ, Б.Раҳмонов, А.Бодурбеков, С.Латифов, И.Ошуриён, И.Қурбоншоев, С.Қосумшоева ва дигарон тавассути эҷод намудани назму наср бо забони ишкошимӣ ҷиҳати пос доштану зинда нигоҳ доштани ин забони бостонӣ саҳми калон доранд.

Минтақаи дигаре, ки ҳанўз аз аҳди бостон бо зебоии нотакрораш диққатрабо буду бо номҳои Ухъ-въух, Бохо, Хуми маъмул ва ҳоло Вахон ном бурда мешавад, яке аз минтақаҳои зебоманзару паҳновар ва сернуфуси ноҳия маҳсуб ёфта, 70 фисади аҳолии ноҳия дар ҳамин минтақа истиқомат менамоянд.

Муҳаққиқи эроншинос Ж.Маркварт зикр намудааст, ки дар “Авесто” номи яке аз рўдҳои муқаддаси сарзамини эронитаборон-Ориёнвеҷ, “Ванҳуи Датия” (дайтиё) (“Датияи пурнеъмат ва меҳрубон”) дарҷ ёфтааст. Ба ақидаи ў, бо ин унвон дар аҳди қадим қисмати болооби дарёи Панҷи имрўза-Вахон ном бурда мешавад. Ҳамин ақидаро эроншиносони маъруф Томашек ва Гейгер низ дастгирӣ карда, тахмин кардаанд, ки номи Вахон бо номи ҳамин дарё рабт дошта бошад. Номи қавми сокинони Вахон, ки шакли тоҷикиаш вахӣ (аз эронии қадимаи ваҳвӣ) ва шакли вахониаш “хъик” аст, низ аз ҳамин реша (эронии қадими ваҳвик) аст.

Вахон водие буд, ки дар гузашта дар саргаҳи роҳи корвонгузар ё “Шоҳроҳи абрешим” қарор дошт. Абрешим аз Чин тариқи ағбаи Сариқул ба Помири Шарқӣ, аз он ҷо ба водии Вахон, Зебоки Афғонистон, Файзобод, Киж, Бағлон, Балх ва аз он ҷо то ба Эрону кишварҳои ғарб мерасид.

Алҳол водии Вахон машҳуртарин мавзеи сайёҳӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.Тибқи маълумоти археологи маъруф М.А.Бубнова, аксари мавзеъҳои таърихии ВМКБ дар ноҳияи Ишкошим (120 мавзеъ) ҷойгир мебошанд. Калонтарин қалъаҳои сайёҳатбоби минтақа-қалъаҳои Қаҳ-қаҳа, Ямчун, Дайри буддоиён дар деҳаи Вранг, Қарқалъа, Абрешимқалъа, Хамчқалъа, қалъаҳои Зангибор, Ратм ва даҳҳо силсила - дидбонгоҳҳои дигар маҳсуб меёбанд, ки диққати сайёҳонро беш аз ҳама ба худ ҷалб менамоянд. Чашмаҳои шифобахши гарми Бибӣ Фотимаи Заҳро, Ширгин ва Зонг мавзеъҳои муҳими сайёҳатбоб ба шумор рафта, ҳазорҳо сангнавишта ва тасвири рўйи санги ин минтақа кайҳост, ки дили сайёҳони хориҷиро тасхир намудаанд.

Бошандагони Вахон, ба ҷуз забони тоҷикӣ, боз бо забони вахӣ, ки ба гурўҳи забонҳои ҷанубию шарқии Эрон мутааллиқ мебошад, гуфтугў менамоянд. Ин забон ҳанўз аз нимаи дуюми ҳазораи пеш аз мелод дар истеъмол буд. Аз номҳои баъзе рустоҳо ва маҳалҳо пай бурдан мумкин аст, ки дар онҳо қадимтарин осори забони вахӣ нуҳуфтааст. Дар китоби муқаддаси “Авесто” номи қадимтарин шоҳи сарзамини ориёиҳо-Эронвеҷ, Ийма номида шудааст, ки ин ном дар адабиёти классикии форсу тоҷик ба номи Ҷамшед маъруф аст. Аз ин ҷост, ки номҳои баъзе деҳаҳои водии Вахон, аз қабили Ямчун (макони Ийма), Ямг, Йимит ва растании Йимик маҳз аз номи ин шоҳ сарчашма мегирад. Ин забон низ асосан ба таври шифоҳӣ арзи ҳастӣ менамояд. Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо бо ин забон радио ва телевизиони “Wakhi TV” фаъол аст.

Саҳми олимони соҳибзабони кишвар, мураттибони алифбо ва пажўҳишгарони забони вахонӣ Б. Лашкарбеков, А. Мирбобоев, Р. Соҳибназарбекова, С. Матробов, А. Саидмамадов, Ш. Ғуломалиев, А. Илолиев, О. Мирзо ва дигарон дар зинда нигоҳ доштану инкишоф додани ин забони нодири бостонӣ хеле назаррас мебошад.

 

 Айдӣ ҚАДАМАЛИЕВ,

 собиқадори соҳаи маорифи

ноҳияи Ишкошим

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш