Нашрияи Омӯзгор

Ояндабинӣ дар романи «Дохунда»

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 883        Шарҳ: 0

 

«Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ аввалин романи нависанда буда, солҳои 1927-1929 таълиф ёфтааст. Он нахустин бор соли 1930 аз тарафи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Қазони Россия ба чоп расидааст. Пас аз он китоб се маротибаи дигар (солҳои 1932, 1935, 1949) нашр гардидааст.

Романи мазкур аз панҷ қисм иборат буда, ба давраҳои муайяни таърихӣ бахшида шудааст. Ду қисми асосии он пурра вазъияти иҷтимоӣ-сиёсии Аморати Бухоро ва дараҷаи зиндагии халқи тоҷик дар охири асри XIX ва аввали асри XX-ро дар бар гирифтааст. Дар онҳо шуғл, маънавиёт, диндорӣ ва урфу одатҳои бенизом, ки ба хурофот асос ёфтаанду боиси бад шудан ва тобеъ гаштани мардуми маҳаллӣ ба амлокдорон мегардид, инъикос ёфтаанд.

Қисми якуми роман бо тасвири яке аз дараҳои кўҳистони тоинқилобии Ҳисори Шодмон - Дараи Ниҳон сар мешавад. Нависанда кўҳу осмони паҳновари кушода, чашмаву ҷўйчаҳо, оби соф ва сабзаҳои канори онҳо, роҳу харсангҳои девори дараро бо як маҳорати фавқулода баланд тасвир мекунад. Баъд аз ин тавсифи зоҳирӣ, ботинӣ ва рўҳӣ - равонии қаҳрамонҳои асосии роман - Гулнору Ёдгор, Алимардони ясовул, мулло Азимшоҳ, Бозору Сафар ва ҳамсарҳои онҳо Меҳрмоҳу Тўтимоҳ оварда мешавад. Бар асари меҳнати пурмашаққат, зулму истибдоди амлокдорон ва бойҳои маҳаллӣ, макру ҳилаи руҳониёни мутаассиб бародари Бозор - Сафар бемор шуда, оқибат вафот мекунад. Акнун тамоми бору буди зиндагӣ ба гардани Бозор ва зану фарзанди ў Меҳрмоҳу Ёдгор мемонад.

Гўру чўби Сафар ва минбаъд тўйи «суннатӣ»-и Ёдгор боиси ба қарз ғўтидани Бозор дар назди бойи маҳалла - Яъқуббой мегардад. Ў маҷбур мешавад, ки ягона сарчашмаи даромади оила - қитъаи хурди замин ва ду барзаговашро ба бой дода, аз қарзи худ озод шавад. Пас аз ин Бозор ва зану фарзанди ў бехонаву дар ду даст дар бинӣ мемонанд ва ғурбату мусибати онҳо оғоз мегардад. Бозор вафот мекунад. Дар дами марги Бозор Ёдгор маҷбур мешавад, ки қарзи падарро ба гардани худ гирад.

Қисми дуюми асар аз гуреза шудани Ёдгор ба Дараи Ниҳон оғоз мегардад. Дар Дараи Ниҳон Ёдгор аввалин маротиба нафаси озодӣ кашида, бо Гулнор вомехўрад ва онҳо ба ҳамдигар ошиқ мешаванд. Аммо хушу хурсандии онҳо дер давом намекунад. Бо хоҳиш ва супориши Азимшоҳ Алимардони ясовул ба Дараи Ниҳон омада, Ёдгорро дастгир мекунад ва барои супоридан ба хўҷаинаш-Азимшоҳ мебарад. Ёдгор ба хотири Гулнор аз зиндон халос шуда, ба бандагии Азимшоҳ розигӣ медиҳад.

Қисми сеюми роман аз «ҳуррият» оғоз мешавад. Ёдгор дар зиндон бо чашми худ ҳақиқати ҳол ва бедодгариҳои ҷаллодони амирро дар шахсияти қозиву мулло ва навкарони ў мебинад. Ёдгор аввалин маротиба дар бораи «ҳуррият» аз дигар маҳбусон, ки дар зиндони амир буданд, маълумот пайдо мекунад.

Қисми чоруми роман дар бораи ҳаракати босмачигарӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва зулму ситами беандозаи онҳо ба халқи меҳнаткаш ба таври муфассал ҳикоят мекунад.

Қисми панҷуми роман бо сарлавҳаи «Каждуми таги бўрё» оғоз мешавад. Садриддин Айнӣ дар он воқеаи мору каждумро ибратомўз тасвир кардааст.

Айнӣ дар охири солҳои бист ояндаи дурахшони ҳаёти халқ ва гул-гул шукуфтани ватани худро орзу карда, фақат бо ҳамин маҳдуд нашудааст, балки дар амал татбиқ шудани орзуҳои ширин ва ногузирии ҳимояи дастовардҳои меҳнаткашонро тасвир ва таъкид кардааст. Яъне, воқеоти роман ба таври реалӣ тасвир ёфта, хусусияти ояндабинӣ ва ибратомўз доранд. Бояд гуфт, ки зуҳури исломи сиёсӣ дар симои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар давраи муосир як навъ бозтоби ҳамон ҳаракати босмачигарӣ ва паҳншавии хурофот мебошад. Агар ҳаракати босмачигарӣ дар муқобили Ҳокимияти Шўравӣ рўйи кор омада бошад, ТТЭ ҲНИ аввал бар зидди давлати Шўравӣ ва баъди Истиқлоли давлатӣ ба муқобили давлати дунявии Тоҷикистон зуҳур кард.

Аз ин рў, романи «Дохунда» - и устод Садриддин Айнӣ сабақ медиҳад, ки морбачагон ва каждумони таги бўрё фош ва тамоман нест карда шаванд, то ки ҳодисаҳои мудҳиши таърихи гузашта ва начандони дури давраи аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон такроран рўй надиҳанд.

Зебо САМАДОВА,

омўзгори забон ва

ва адабиёти тоҷик,

шаҳри Бўстон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш