Нашрияи Омӯзгор

Неруи созанда

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии аҳли башар истиқлол мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне, барои ҳимояи истиқлоли худ гузаштагони мо чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст. Мо - ҷавонон бояд Ватанамонро пуштибон бошем, ба қадраш бирасем. Кору пайкори ҷавонони кишвар бояд ба бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кумаку дастгирии гурўҳҳои осебпазир ва табақаҳои мухталифи ҷомеа равона шавад. Зеро кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу неруи созандаи мо – ҷавонони сарзамин умед бастааст. Ҳар якамон бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дўш дорем. Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрўзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Воқеан, имрўзҳо ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ: сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг ва тандурустиву саноат бо фаъолияти пурбори худ саҳми назаррас мегузоранд. Мо, ҷавонони даврони истиқлол, ифтихор мекунем, ки давлати соҳибистиқлол ва Сарвари дилсўзу ғамхор дорем ва хушбахт аз онем, ки дар ин даврони босаодат ба олами ҳастӣ чашм кушодаем. Шукргузорӣ мекунем, ки Ватани азизу арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем.

Аслиддин Холиқназаров,

омўзгори мактаби №50-и

шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш