Нашрияи Омӯзгор

Истиқлоли зеҳнӣ - заминаи истиқлоли сиёсӣ

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)     

Аз ҳамин нигоҳ, раҳоӣ аз вобастагиҳои фикрӣ ба таълимоти бегона, дарки худӣ ё худшиносии фардӣ  ҷиҳати расидан ба озодии андеша ва даст ёфтани миллат ба истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ асли муҳим ба шумор меравад. Яъне, як миллати зинда бояд навъи ҷаҳонбинии хос дошта бошад, ки бар асоси мантиқ ва усули хосе устувор бошад ва аз он ҳимоят кунад.

Дар ҳақиқат, ҳар як миллати пўё, хусусан, тоҷикон ба истиқлоли фикрӣ эҳтиёҷ доранд, то истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии худро ҳифз кунанд. Истиқлоли фикрӣ барои таъмини суботи фикрии ҷомеа як амри зарурӣ аст. Вақте суботи фикрӣ дар ҷомеа мавҷуд набошад, афроди ҷомеа ҳар пешниҳоди фикрии бегонаро зуд қабул мекунанд. Ва ё як рўз пешниҳоди тағйири меъёри қонун мешавад, баъди чанд рўз дигар пешниҳоди тағйири имлои забон ва мисли он. Ҳатто ҷойгоҳ пайдо намудани инсонҳо бо афкори ифротӣ ва мазҳаби бегона дар як ҷомеа далели ин аст, ки он ҷомеа дар диндорӣ ва диншиносӣ ва худошиносии худ суботи фикрӣ ва истиқлоли фикрӣ надорад.

Дар айни ҳол, шарти истиқлоли фикрӣ ин нест, ки аз ҳақиқати дигарон чашм пўшида шавад ва намунаҳои хуби ҷомеаҳо ва мактабҳои дигари фикрӣ иқтибос нашавад. Аммо як миллат вақте фалсафа, усул ва қонуни хосе барои зиндагии худ дошта бошад, ниёзе барои пайравӣ аз дигарон надорад. Вале ҷомеаи миллат то замоне, ки ба истиқлоли фикрӣ нарасида бошад, идҳои бегонаро аз ҷашнҳои миллии худ мисли Наврўз бештар арҷ мегузорад.

Гузашта аз ин, барои як миллат зарур аст, ки истиқлоли фикрӣ ва суботи фикрии худро мавриди ростозмоӣ ва осебшиносӣ қарор диҳад, то мутақоид шавад, ки ба истиқлоли фикрии худ имони пурра дорад. Ба қавли М. Иқбол, ки фалсафаи худиро асли кўшоиши роҳи инсонҳо дар масири зиндагӣ медонад:

Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

Ба қавли донишмандон, таърих собит намудааст, ки як инсони озод, як миллат ва як давлат метавонад ҳама чизро ба орият ё қарз бигирад ва барои ниёзмандии худ истифода кунад, аз ҷумла, пулу мол, силоҳу муҳимот, неруи корӣ ва ҳатто артишҳои муназзамро. Аммо фикрро намешавад кироя гирифт, қарз кард ва ба орият хост. Бинобар ин, шарти зиндагии як инсони озод, як миллати пўё ва як давлати соҳибистиқлол доштани истиқлоли фикрии фардӣ ва ҷамъист.

Ҳамин тавр, метавон хулоса намуд, ки озодии фикрӣ аз ниёзҳои аслӣ барои таъмини бақои як миллат ба ҳисоб рафта, шарти асосии ҳамаи дигар озодиҳо маҳсуб мешавад.

Муруре ба андешаҳои фалсафӣ дар мавриди озодӣ ва истиқлол нишон медиҳад, ки бо вуҷуди таърифҳои гуногуни озодӣ ва таснифоти он, ҳамаи андешамандон ва файласуфон сари як нукта шубҳаву гумони камтар доранд ва он ин аст, ки озодӣ ва истиқлол арзишҳои воло ва бузургтарин неъмати башарӣ ва дунявӣ ба шумор мераванд. Ҳатто душманони озодӣ талош мекунанд, то мафҳуми онро ба манфиати қудрати хеш шарҳу таъбир кунанд. Бинобар ин, маҳз ҳамин иттифоқи назари умумиҷаҳонӣ дар мавриди озодӣ қонунгзорони миллӣ ва байналмилалиро маҷбур месозад, ки аз ҳаққи давлатҳо ва қудратҳо ба манфиати ин арзиши волои инсонӣ кам кунанд. Аммо мулоҳизаи муҳимми донишмандони фалсафа ин аст, ки аҳком ва мавозини динӣ ҳамчунон ин арзишҳоро маҳдуд месозанд.

Зикри озодиҳои асосӣ дар низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷомеа ҳам муҳим ва зарур аст. Дар низоми демокртӣ ва ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон заминаҳои озодии фардӣ дар Конститутсия танзим шудааст. Қонунгузорӣ озодиҳои сиёсӣ, озодии умумӣ, озодии виҷдон, озодии кор, рафтуомад, озодии баён ва андешаро кафолат медиҳад. Озодӣ ва истиқлоли сиёсӣ барои миллат бошад, ҳадафи бузург ва асосии он дар тўли мавҷудият ва зиндагияш маҳсуб мешавад.

Худшиносӣ асоситарин масъалаи озодӣ ва истиқлол аст, зеро дарки худӣ ҳастаи ҳамаи маҳоратҳои нуҳуфтаи инсон мебошад. Худшиносӣ аз шинохти нафс ё рўҳ иборат аст. Метавон шинохти шахсиятро ҷузъи шинохти нафс донист, ҳарчанд шинохти нафс ҳанўз ба маънои шинохти шахсият нест. Шинохти бадан, шинохти эҳсосоту отифаи худ, шинохти афкор ва  рафтор низ ҷузъи дарки худӣ ҳастанд. Ба ин маъно аст, ки худшиносиро сафари инсон ба дарун ва беруни худаш унвон мекунанд.

Инсон барои саодатманд шудан дар зиндагии инфиродӣ ва иҷтимоии худ бояд маҳоратҳои зиёдеро мисли робита, муқобила бо афсурдагӣ ва тарс,  мудирият ё нигаҳдории ҳаяҷон, ҳалли масъала ва тасмимгирӣ, тафаккури зоянда ва ғайра касб намояд. Аммо бояд гуфт, ки худогоҳӣ ҳастаи ҳамаи ин маҳоратҳое маҳсуб мешавад, ки инсонро ба саодат ва хушбахтӣ расонида метавонад. Пас, дарки худӣ ва худшиносӣ барои расидан ба озодӣ ва истиқлоли фардӣ ва ҷамъӣ низ маҳаки аслӣ ба шумор меравад.

Ишора ба чанд масъалаи дигар ҳам барои рўшантар матраҳ гаштани мавзўи истиқлоли фикрӣ ва истиқлоли сиёсӣ муҳим аст. Аз ҷумла, масъалаҳое мисли нисбат ба озодӣ бо зарурату масъулият. Дар чаҳорчўби ин меъёрҳо масъалаи робитаи фаъолияти инсон ва қонунҳои табиату ҷомеа матраҳ мешавад. Ормонгароҳо озодиро ба унвони озодии ирода ва имкони амал мутобиқ ба тавоноии ирода, ки шароити берунӣ зимни он таъйинкунанда нест, дониста, озодӣ ва заруратро умдатан мафҳумҳои инкоркунандаи якдигар ҳисоб мекунанд. Ин идда бовар доранд, ки ғояи ҷабргароӣ масъулияти инсонро нисбат ба амалкарди ў салб месозад ва арзёбии рафтори инсонро аз нигоҳи ахлоқӣ ғайримумкин мекунад. Онҳо танҳо озодии бидуни қайду шартро асоси масъулиятшиносии инсон медонанд.

Гурўҳи дигар зимни инкор намудани озодии ирода, бовар доранд, ки ҳар иқдом ва амали инсон дар ҳама ҳолатҳо таҳти шароити берунае, ки аз ў вобаста нест, сурат мегирад. Спиноза аввалин касе буд, ки озодиро ҳамчун зарурати даркшуда ва ё дарки зарурат таъриф намуд. Аммо мафҳуми ҷомеътари ягонагии озодӣ ва заруратро аз нигоҳи ғоявӣ Гегел ироа намудааст. Зарурат ҳамчун қонунмандии воқеии ҷомеа ва табиат вуҷуд дорад.     

Аммо дар шароити кунунӣ  масъалаи муҳимтар робитаи миёни озодӣ ва масъулият аст. Озодӣ бидуни шак ба масъулият рабт дорад. Масъулият фарз мекунад, ки шахс метавонад озодии амал ва тасмимгирӣ дошта бошад, бинобар ин, озодӣ худ аз худ мунҷар ба масъулиятшиносӣ мешавад. Озодӣ қудрати интихоби инсон аст ва масъулият нигоҳи фард ба амалест, ки озодона интихоб кардааст. Аз ин нигоҳ, озодии инсон ҳар замон метавонад ба мавзўи масъулият барои ў табдил шавад. Бернард Шоу озодиро ин тавр таъриф кардааст: “Озодӣ, яъне масъулият, ба ҳамин далел бисёри мардон аз ў метарсанд”.

Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки бидуни озодии фардӣ, ҳеҷ гуна масъулияти фардӣ ҳам вуҷуд надорад. Ҳамчунин, наметавон бидуни масъулият озодиро аз тариқи муқаррароти ахлоқии инсон ва қонун ҳифз намуд. Яъне, озодӣ ин масъулият аст.

Дар айни ҳол, инро низ бояд таъкид намуд, ки таърихи инсоният ҳамеша ҳамроҳ бо падидаҳои қонунманд, ҷараёнҳое низ доштааст, ки қонунмандии табии рушди инсонӣ ва хирадгароиро таҳти таъсир қарор додааст. Аз ҷумла, мавқеи дин, динбоварон ва таҷрибаҳои динии зидду нақизе, ки рўи ҷомеаҳои башарӣ анҷом додаанд ва медиҳанд, дар айни ҳол таъйинкунанда ва таъсиргузор бар нақши озодӣ ва масъулият дар фарҳангу зиндагӣ, ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоӣ аст. Садсолаҳост, ки ҷомеи башарӣ дар миёни селоби хуне шиновар аст, ки пайравони дину мазҳаб аз ҷамъияти инсонӣ рехта ва ҷорӣ кардаанд.

Аз ҳамин ҷост, ки юнониён бо озодӣ ва дарки масъулияти ҳамзамон дар се қарни бостон дар фикру фалсафаву хираду ҳунар дар фазои озод коре анҷом доданд, ки мисриёни фиръавнӣ бо ҳамаи дастовардҳои азими фаннӣ, дониши ҳандаса, риёзиёт, муҳандисӣ, иқтисоду кишти гандум дар се ҳазорсола дар иҷрои он ноком монданд.

Чунин аст лаззату моҳияти зиндагӣ кардан, нафас кашидан, андешидан дар як фазои озоду истиқлол, бархўрдорӣ аз муҳаббати озодӣ ва истиқлолу ибтикори амали фардӣ. Паҳно ва доманаи марзҳои озодии инсон ба ҳар мизоне фарохтар бошад, масъулияти инсон будан сангинтар мешавад. Ҳар инсон ба дараҷаи сангинии бори масъулияте, ки ба дўш гирифтааст, қобили эҳтиром аст.

Раҳматкарим Давлатов,

номзади илмҳои таърих, директори Маркази  мероси хаттии АМИТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш