Нашрияи Омӯзгор

Саодату иқболи мардум

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, худшиносӣ, ватандўстӣ ва якдигарфаҳмии миллати тоҷик тақвият ёфт.

Бо ба даст омадани Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини озодию осудагии ҳаёти инсон дар қаламрави мамлакат ҳифз гардида, тамоми шароит баҳри интихоб намудани касбу кор барои сокинони кишвар ҷиҳати зиндагии хубу шоиста фароҳам оварда шуд. 

Соҳибдавлат будан барои ҳар як инсони соҳибдили кишвар  бахти басо бузург аст. Миллати бузурги тоҷик имрўз соҳибдавлат аст. Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоҷикони тамоми дунё нуре аз зулмот гардид. Миллатҳои гуногун дар кураи Замин умр ба сар мебаранд, нуфузашон амсоли курдҳо ба 40 миллион нафар мерасад, вале нооромӣ ва бедавлатӣ онҳоро нигарон кардааст. Ин миллат шаҳрвандони чор давлати Шарқи Наздик: Ироқ, Эрон, Сурия ва Туркия ба ҳисоб рафта, дар фазои нооромӣ азият мекашанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, тоҷикон, Истиқлол ба даст овардаем. Мавҷудияти  миллати тоҷикро тамоми ҷаҳон имрўзҳо бо якпорчагии сарзамин ва ваҳдату ягонагии миллат мешиносанду эътироф менамоянд.

Баъд аз ба даст омадани истиқлол пояҳои давлатдории Тоҷикистон мустаҳкам гардида, тавонист сокинонашро аз вартаи ҳар гуна офатҳои табиию  фалокатҳо раҳо намояд. 

Таъсири манфии вируси KOVID ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсоният таъсири манфии худро аён кард. Ба ақидаи коршиноси СҶБ Марк Райан «Сенарияи эҳтимолӣ ин аст, ки вирус эндемикӣ мешавад ва як навъи таҳдиде боқӣ хоҳад монд. Аммо таҳдиди кам дар доираи барномаи эмгузаронии ҷаҳонӣ хоҳад буд». Бо шарофати Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  дар мамлакати рушдёбандаи мо ҳам айни замон эмгузаронӣ баҳри пешгирии хатари сироятёбии вируси KOVID бо намуди ихтирооти ваксинаи давлатҳои бузурги дунё оғоз гардид. Шароит барои эмгузаронӣ дар сар то сари Тоҷикистон муҳайё шудааст. Миллати тоҷик имрўз метавонад дар мактабу кўдакистон дар маҳаллаю корхонаҳо ба ваксинаи хоҳишдоштааш зидди вируси KOVID эм гузаронад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлол, давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад. Бале, Истиқлолият барои тоҷикон рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ, кору пайкорҳои созандагӣ, азму талошҳои расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ташаббуси Сарвари давлат «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ва ҳифзи сайёра эълон намудан дар ҷаҳони имрўз басо рамзӣ буд. Чунин ташаббусҳои Пешвои миллатро мардуми шарифи Тоҷикистон дида, хушҳол мегардиданд ва ҳамеша ҷиҳати ба иҷро расонидани корҳои бунёдкориву созандагӣ кўшишҳо ба харҷ медоданд. Ҳар фарди баномуси кишвар имрўз аз пайи ободии хона, кўча, сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди роҳҳо, бунгоҳи тиббӣ ва мактабу маҳали хеш гардиданд.

Дар остонаи 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони бонангу номуси миллат қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азиз нерую дониши худро дареғ намедоранд.

 

Нуқрамо ҲАБИБОВА,

омўзгори МТМУ №17-и шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш