Нашрияи Омӯзгор

Ҷоиза муборак!

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2020, таҳти рақами 621 «Дар бораи ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» миёни омўзгорону олимони ҷавони фанҳои мазкур озмун баргузор гардид. Аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба озмуни ниҳоии ҷумҳуриявӣ чанд тан аз омўзгорону олимони ҷавони серғайрат роҳхат гирифтанд.

Омўзгори химияи мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод (Гулбоз) ва омўзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и ноҳияи Роштқалъа, номзади илмҳои педагогӣ, муаллифи китоби дарсии математика Эраҷ Ҷонмирзоев сазовори ҷоизаи давлатӣ шуданд.

Ҷ.Қозибеков,

 «Омўзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш