Нашрияи Омӯзгор

Рисолати азалӣ

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Тайи солҳои охир бар асари таваҷҷуҳи махсуси давлат ба масъалаи забон, истифодаи он дар коргузории расмӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Метавон гуфт, масъалаи баланд бардоштани ҷойгоҳи забон дар сатҳи давлатӣ пайгирӣ мешавад. Тибқи супориши Роҳбари давлат панҷ иқдом барои тақвияти ҷойгоҳи забони давлатӣ амалӣ мегардад: ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳоти илмию техникӣ, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, таҳия ва чопи китоби мукаммали таърихи адабиёти тоҷик, донистани забони давлатӣ аз ҷониби ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус, кадрҳои роҳбарикунанда.

Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрўз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва волотарин арзишҳои фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд.

Дар равандҳои ноороми ҷаҳони муосир зиёиён набояд бетараф бошанд, баръакс, бояд ҳамеша дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор гиранд. Барои он ки миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хуб муаррифӣ гашта, муваффақияти боз ҳам бештар ба даст орад, пеш аз ҳама, тақвият додани ҳувияти миллӣ ва дар ин асос тақвияти андешаи миллӣ ва ташаккули он зарурат дорад. Ин рисолати муҳимро зиёиёни мамлакат хуб дарк намуда, барои ташаккули андешаи миллӣ бо истифодаи донишу маърифати хеш роҳнамои ҷомеа ба сўйи ҷаҳони муосир мегарданд. Воқеан, зиёиёну равшанфикрон ҷавҳари асосии таҳрикдиҳандаи ҳар як давлат ба шумор мераванд ва бо дарки амиқи ин нукта дар Тоҷикистон нақши зиёиёну равшанфикрон дар роҳи худшиносии миллӣ, пешрафту тараққиёт ва ҳифзи таъриху тамаддун густариш меёбад. Ин аст, ки ҳамеша ва дар ҳама вохўриҳои худ Роҳбари давлат бо аҳли илму фарҳанг ва маорифи кишвар масъалаи ҳифзи забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллиро аз муҳимтарин масоил дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дониста, ҷавонон, ходимони илму фарҳанг ва маорифро барои дифоъ ба забону фарҳанги миллати мутамаддин ва соҳибзабони тоҷик даъват ва ҳидоят менамоянд.

Дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ миллатҳо талош мекунанд, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва ахлоқии худро аз зарарҳои ҷаҳонишавӣ ҳифз намоянд. Огаҳӣ аз таърихи ниёгон, шинохти марзу буми аҷдодӣ, ҳифзи фарҳангу адаби миллӣ метавонад парчам ва роҳнамои мо дар замони ҷаҳонишавӣ ба сўйи пирўзиҳо бошад. Аз ин рў, дар ин замина тарбия ва таълими насли наврас ва ҷавонони кишвар, ки дорои донишҳои замонавӣ ва лаёқату малакаи касбӣ бошад, дар назди масъулин, хоса зиёиён ва мо, омўзгорон, вазифаҳои наверо пеш мегузорад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу забон ва тамаддуни пурғановати тоҷик таъсири худро гузошта истодааст.

       

Мунира ҲОМИДОВА,

омўзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 121,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш