Нашрияи Омӯзгор

Хонандаи соҳибтафаккурро ба камол расонем

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин замина дастур ва  ҳидоятҳои арзишмандро пешниҳоди аҳли маорифи кишвар намудаанд.

Чанд сол мешавад, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм  дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низоми муносибати босалоҳият ба таълим ҷорӣ шудааст, ки ба баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, густариш бахшидани ҷаҳонбинии хонандагон ва азхуд намудани барномаи таълимӣ аз ҷониби онҳо мусоидат мекунад. Ҳадафи асосии низоми мазкур азхуд намудани донишҳоии назариявиест, ки хонанда  онро  дар амал татбиқ менамояд. Ин шеваи таълим собит намуд, ки дар дарс хонандагон метавонанд фаъол бошанд (чи сустхон чи аълохон) ва ҳар яке баробар доир ба мавзӯъҳои дарсӣ  фикри хешро баён намоянд. Дар ин низом лаёқату  қобилияти дарки дарс барои ҳар як хонанда аҳамияти махсус дорад. Зеро омӯзгор метавонад, ки дар дарс аз воситаҳои аёнии таълим ва дигар технологияи муосири таълим фаровон истифода намояд. Бояд гуфт, ки мақсади асосии низоми босалоҳият азхуд намудани мазмуни матн ва ташкили мубоҳиса атрофи он  ба ҳисоб меравад.

Барои самаровар ва ҳадафманд гузаронидани дарс ман аз кори гурӯҳӣ истифода мекунам. Дар ин шеваи таълим хонанда андешаю мулоҳизаҳои дигар хонандагонро гӯш мекунад ва дар заминаи он фикри хешро баён мекунад. Ҳамчунин, дар ин тарзи таълим вақт самаранок истифода мешавад ва нутқи шифоҳии кӯдакон инкишоф меёбад.  Хушбахтона, бо дастгирии Вазорати маориф ва илм китобҳо ва дастурҳои таълимӣ баҳри татбиқи низоми таълими босалоҳият чоп шуда, дастраси омӯзгорону устодон гардидаанд, ки кори мо, омӯзгоронро хеле осон менамоянд.  Дастурҳо ва китобҳое, ки дар заминаи низоми босалоҳият таълиф гардидаанд, хеле сода ва фаҳмо буда, дар онҳо раванди гузаронидани низоми таълими мазкур дар муассисаҳои таълимӣ нишон дода шудааст, ки бо истифода аз он омӯзгорон метавонанд дарсро шавқовару муассир гузаронанд.

Дар низоми босалоҳият ягон дақиқаи дарс барҳадар намеравад. Иштироки хонанда дар машғулиятҳо бо истифода аз ин тарзи таълим бояд пурра таъмин гардад, агар як соат вай дар дарс иштирок накунад,  ин вазъ ба донишандӯзиии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Дар низоми анъанавии таълим омӯзгор нақши асосиро мебозид, дар низоми таълимм босалоҳият бошад, дар  меҳвари дарс хонанда қарор дорад.  Дарвоқеъ, муносибати босалоҳият ба таълим хонандаро дар дарс фаъол мегардонад ва ӯро маҷбур мекунад, ки пайваста омӯзад. Ҳамчунин, омӯзгор низ кӯшиш мекунад, ки аз сарчашмаҳои иловагӣ истифода кунад, то дарс рангину ҷолиб сурат бигирад.

 Саломат САМИЕВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти  миёнаи умумии №52-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш