Нашрияи Омӯзгор

Дарси ҷасорат

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Оғози соли таҳсили нави хониш имсол таърихӣ буда, ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Мардуми кишварамон барои хотирмон гардидани ин ҷашни бузург худро бо кору фаъолият, навигарӣ ташаббусҳои наҷиб омода намудаанд. Ноил шудан ба Истиқлоли миллӣ ин саодат аст! Ман зимни дарсҳоям заҳматҳои ҳамарўзаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мисолҳои амиқу равшан, бо таҳлили абёти меҳрбор, гуфтори бузургон ба шогирдон мефаҳмонам. Боз аз асарҳои худи Ҷаноби Олӣ далелҳо оварда, қобилияти эҷодкорӣ, маорифпарварии ин шахси бузургро ба шогирдон бозгў менамоям.

Ҳамзамон, намоиши ҳаррўзаи силсила – филмҳои ҳуҷҷатӣ бо унвони «Солномаҳои Пешвои миллат» дар барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон – «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина», «Синамо» айни мақсад аст. Филмҳои мазкур бозгўи рўзҳои мудҳишу сарди кишвари ободу ороми мост. Иҷлосияи таърихии Қасри бузурги Арбоб ҷавони шуҷову нотарс, далер, намояндаи халқ, тавонгарро бо боварии комил баҳри ояндаи сулҳу салоҳи Тоҷикистони азияткашида ба майдон овард. Оре, вакилони халқ хато накарданд!  Давлатмарди ҷасур, сулҳовар,  ифтихори мардум, қаҳрамони айём, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Озмунҳо барои мактабиён, туҳфа кардани китоби бузурги «Тоҷикон»-и Б.Ғафуров ба аҳолии Тоҷикистон нишони бохирадии Сарвари мамлакат буда, дастгирии фарзандони танҳою пирони рўзгордида, бунёди биноҳои кўдакистон, макотибу истироҳатгоҳҳо,  ободу гулзор сохтани макону мавзеъҳо аз ҷумлаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат мебошанд. Албатта, вақти дарс ин ҳама хизматҳоро бо шогирдон фаҳмонда, онҳоро ба ватандўстӣ, шуҷоат, илмомўзӣ даъват месозам.

Бо ин васила ба шогирдон мефаҳмонам, ки ободӣ,   бунёди қасрҳои фарҳангиву илмӣ, боғу кўчаю шоҳроҳҳо, таҳсили шогирдони болаёқат дар муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз аз заҳматҳои шабонарўзии Роҳбари давлат ва пойдор будани тинҷиву осоиштагӣ дарак медиҳад.

Наимҷон ҲОШИМЗОДА,

омўзгори МТМУ №1-и шаҳри Истиқлол, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш