Нашрияи Омӯзгор

Умре бизӣ, умре биомўз!

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Инсон аз оғози ба дараҷаи муайяни психологию физиологӣ расиданаш ба донишомўзӣ шурўъ мекунад. Дар донишомўзии ҳар кас мактаб нақши асосӣ мебозад. Мактаб боргоҳи илму дониш аст, маконест, ки ба шарофати он кўдак аз оламу одам бохабар мешавад, зина ба зина қонуниятҳои зиндагиро дарк менамояд ва асосҳои донишро вобаста ба фанҳои гуногун азхуд мекунад. Вақте ки шахс ба дараҷаи муайян дониш меомўзад, нигоҳаш ба муҳит дигаргун мешавад, ба бисёр қонуниятҳои атроф сарфаҳм меравад. Дониш имкон фароҳам меоварад, ки наврасону ҷавонон дар ҷодаҳои ҳаёт пайроҳаи хоси худро бошуурона дарёбанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагии мустақилона фаъол бошанд, ба манфиати халқу Ватан хизмат кунанд. Дониш чароғи раҳнамост ва касро ба самти рост, ба некию накукорӣ ҳидоят менамояд. Муҳимтарин ҳадафи мактаб он бояд бошад, ки шогирдон ҳар чи бештар дониш омўзанд ва эътимод ба ҳикмати «Умре бизӣ, умре биомўз» бибанданд. Ҳар як дарси омўзгор бояд донишафзои хонандагон гардад, муҳаббату иштиёқмандии хонандагонро ба омўзиш, ба дониш дучанд намояд. Барои ин омўзгоронро мебояд, ки аз методҳои гуногуну таъсирбахши таълиму тарбия истифода намоянд, таваҷҷуҳи шогирдонро ба китоб ҳамчун манбаи дониш ҷалб созанд. Дар тарғиби дониш ва таъкиди аҳамияти донишмандӣ ба муаллимон, аз ҷумла, ҳикмати бузургон, шоҳбайту ҳикоятҳо мададгор буда метавонанд.

Аҳли адаби тоҷик дар ситоиши дониш ва тавсифи он суханони баланду дилписанд гуфтаанд. Махсусан, дар ин мавзўъ нигоштаҳои устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ шоистаи таваҷҷуҳ ва ҳадафгиру муассиранд. Сардафтари адабиёти ҷаҳонгири мо фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Бешубҳа, ин шоҳбайт саҳеҳтарину воқеитарин тавзеҳ вобаста ба моҳияту аҳамияти дониш мебошад. Воқеан ҳам, дониш дилҳоро мунаввар мекунаду касро аз ҳама гуна ҳаводиси номақбули зиндагӣ ҳифз менамояд. Дониш ҳомӣ, раҳнамо, саодатбахш, маслиҳатгар, сари баланд ва нерую тавоноист. Ҳар кӣ донишманд аст, комёбӣ, обрўмандӣ шарафу эътибор, мақому мартаба ёраш хоҳанд буд. Ин нуктаи муҳимро ҳар омўзгор бояд ба шогирдон дар сатҳи зарурӣ фаҳмонад.

Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» навиштааст:

Ба дониш бувад ҷону дилро фурўғ

Нигар, то нагардӣ ба гирди дурўғ.

Зи дониш дари бениёзӣ маҷўй,

Агарчанд аз ў сахтӣ ояд ба рўй.

Дар ин қитъа аҳамияти дониш хеле барҷаста ифода ёфтааст ва дар ҳақиқат, маҳз тавассути дониш одамон кулли мушкилоти пешомадаашонро бартараф месозанд, пирўзу комёб мешаванд. Дониш тавоноист, он ҳатто пирӣ намепазирад, ҷавонии маънавӣ ҳар шахсро ба шарофати дониш таъмин аст.

Ҳама тадбирҷўиву бунёдкориву созандагӣ пайомади донишомўзист. Дониш ба кас имкон медиҳад, ки аз ҳар вартае зуд берун ҷаҳад, вале оне, ки дониш надорад, дар банд мемонад, кораш кашол меёбад:

Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Омўзгор бояд ба он муваффақ гардад, ки барои шогирдонаш ин шоҳбайти ҳикматбори ниёгон шиори асосии фаъолият бошад:

Дониш талабу бузургӣ омўз,

То беҳ нигарад рўзат аз рўз.

 

Ризқия Ибрагимова,

омўзгори география

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш