Нашрияи Омӯзгор

Доноӣ тавоноист

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ниёгони мо ҳанўз дар ҳазорсолаҳои пеш аз солшумории масеҳӣ ба гирд овардани донишу маърифати инсонӣ машғул гардида, нисбат ба афроди донишпажўҳ илтифот доштанд. Ин ҳарфро сангнавиштаҳо, бозёфтҳои бостоншиносон ва сарчашмаҳои хаттии ба мо меросмонда шаҳодат медиҳанд. Шоҳони каёнӣ ва силсилаи ҳахоманишӣ донишмандро дар дарбор ҷамъ оварда, онҳоро талқин менамуданд, ки таърихҳову фарҳангҳо нависанд, чунки ҳама гуна андеша тавассути хат ба ёдгор мемонад. Онҳо буданд, ки Зардуштро гиромӣ доштанд ва ба ў мусоидат карданд, то китоби “Авасто” – ро нависад.

Яъне, пос доштани инсонҳо ба хотири донишу лаёқат ва дигар сифатҳо дар миёни аҷдодони мо расм будааст. Гузашта аз ин, онҳо дар давраи асримиёнагӣ низ аз пажўҳишу таҳқиқ ва донишандўзӣ сарпечӣ накардаанд. Айни замон, дар давраи муосир низ тоҷикон ба омўзиши илму фан рағбат доранд, гўё онҳо бидуни донишандўзӣ ва донишпажўҳӣ зистан намехоҳанд. Ҳакимону шоирон ва табибону дарбориён новобаста аз замони зисташон дар пўшишҳои назмиву насрӣ донишу донишандўзиро таблиғ намуда, дар нигоштаҳои худ маърифатро меъёре донистаанд, ки агар ин меъёр дар инсон набошад, пас ў низ ба махлуқи бешуур баробар аст. Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар ашъори безаволи худ донишро “Ҷавшани ҷону тан” дониста, дар гиромидошти хирад қасидаву ғазал навиштааст.

Ҳаким  Абулқосим Фирдавсии Тусӣ,  мусаннифи “Шоҳнома”, дар васфи донишу хирад ҳикматҳо гуфта, ба як хулосаи дақиқ омадааст, ки дониш дили марди солхўрдаро ҷавон мегардонад:

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Яке аз чеҳраҳои басе нотакрор дар таърихи фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ пизишктоҷике бо номи Абўалӣ ибни Сино мебошад, ки бинобар талаботи замонаш бо ду забон асарҳо нигоштааст ва имрўз илми ҷаҳонӣ дар пояи таҳлилҳову таҳқиқҳои илмии ў баррасӣ мешаванд. Ин донишманди ҳамадон асаре бо забони тоҷикӣ таълиф карда, онро “Донишнома” номгузорӣ кардааст.

Дигар аз нобиғаҳои илму дониш аз зумраи ниёгонамон Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхист, ки ў низ зиндагиро бе донишандўзиву донишпажўҳӣ тасаввур намекунад. Мавсуф дар “Васиятнома” – аш мегўяд: “Шуморо суфориш мекунам ба кам гуфтану кам хўрдану кам хуфтан... ва ҳамоно беҳтарини шумо касест, ки барои мардуми худ муфид бошад”. Яъне, ҳадаф дар зиндагӣ суд овардан аст, на суд ҷустан ва инсони бомаърифат барои муҳите, ки дар он иқомат мекунад, фоида меорад, аммо инсони бехабар ва ғофилу аз донишҳо маҳрум иқдом мекунад, ки зимни муносибат аз дигарон манфиат бинад.

Дигар аз бузургони илму фан шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозист, ки дар “Гулистон” – и бехазон нодониро баробар ба марг муаррифӣ кардааст: “Нодонро беҳ аз хомўшӣ чизе нест ва агар ин маслиҳат бидонистӣ, нодон набудӣ”.

Дар кишвари мо 1-уми сентябр расман Рўзи дониш эълон гардидаасту дар ин рўз Пешвои миллат дар ҳузури омўзгорон ва толибилмон суханронӣ мекунанд. Озмунҳое мисли “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” бо пешниҳоди Президенти кишвар роҳандозӣ шуда, шавқу рағбати хонандагонро нисбат ба донишандўзӣ бештар мекунад.

Ширин ҚУРБОНОВА,

муаррих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш