Равшании илму фазл, фалсафаи рўзгор,
Ҳикмати устод, ҳам заҳмати омўзгор.
Дар ҳаёт аз волидайн қадр бубояд кунем,
Аз падар устодро беш бувад эътибор.
Нақши вуҷуд ар ба батн ин ҳама модар кашад,
Хишти ҳаёт устод монда чу меъмори кор.
Илму ҳунар з-устод шуълаи ақлу ҳаёт,
Шамъи фурўзон туро ўст ба шабҳои тор.
Ҳарфи аввал бегумон ёд чу модар диҳад,
Монад аз устод лек нақди сухан ёдгор.
Илму дониш гар зи бар кардаӣ з-омўзгор,
Худ бишав устоду лек қадри варо ёд дор.
Ёфт Ниҳонӣ басе манзалате з-устод,
Боз дар илму амал дорад аз ў ифтихор.
Ниҳонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр