Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, қабл аз ҷаласаи Шўрои давлатӣ оид ба соҳаи маориф бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, омўзгорону донишҷўён ва волидайни хонандагон мулоқоти онлайнӣ доир кард, ки дар он Абдуллохўҷа Бобоев - донишҷўи тоҷик низ ширкат варзид.
А. Бобоев сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли ҷорӣ мактаби хусусии “Амид”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хатм намуда, ба факултаи тиббии Донишгоҳи дўстии халқҳои Россия дар шаҳри Москва дохил шудааст.
Донишҷўи тоҷик дар суҳбат ба Президенти Федератсияи Россия барои доир гардидани чунин мулоқот сипосгузорӣ намуда, зикр кард, ки барои интихоб ва муваффақона гузаштан аз имтиҳони донишгоҳ саҳми устодонаш, бахусус, омўзгор Вячеслав Николаевич, ки тибқи барномаи давлатӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, ба таълиму тарбия машғул аст, назаррас мебошад.
Ҳамчунин, Президенти Федератсияи Россия дар суҳбат бо донишҷўи тоҷик таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ба рушди забони русӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва қабл аз ҳама, миннатдории самимии хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонданд, ки бо мусоидаташон дар ин самт корҳои назаррасе анҷом дода шуда истодаанд.
“Қариб ҳамеша ў масъалаи кумаки Россия ба Тоҷикистонро дар мавриди рушди забони русӣ ба миён мегузорад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова бар оне, ки то имрўз анҷом шудааст, дорем”, -гуфт Президенти ФР Владимир Путин дар суҳбат бо донишҷўи тоҷик Абдуллохўҷа Бобоев.
“Аз он шод шудам, барномае, ки мо ҳамроҳ бо Президенти Тоҷикистон як вақт оғоз кардем, чунин натиҷаҳои хуб додааст. Мо корро дар ин самт идома хоҳем дод”, - хулоса кард Президент В.Путин.
Зайнаб Ҳусейнова
Иловакунӣ
Иловакунии фикр