Нашрияи Омӯзгор

Таъмир ба охир мерасад

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 782        Шарҳ: 0

 

Баробари ворид гаштан ба ҳудуди муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Спитамен (директораш Д.Пирматов) чашмамон ба хавозаҳои чанд намуд ангур, боғи тозабунёди себ, дарахтони нок, зардолу... афтод. Директори мактаб иброз дошт:

- Ҳамин гармхонаро мо аз ҳисоби фурўши ҳосили замин ва боғамон сохтаем. Бар болои ин 5000 сомониро аз ин ҳисоб ба таъмири биноҳои таълимӣ истифода кардем. Ҳамчунин, ошхонаи муассисаро бо лўбиё, мош, помидор, шалғам, турб, карам, лаблабуи сурх ва қаламфури булғорӣ таъмин мекунем.

Дар гармхона 70 бех лиму алакай ҳосили хуб бастаанд.

Моро аз сайругашти замину боғ боз он чиз ба ҳайрат овард, ки ягон ваҷаб ҷои холиро надидем. Ҳатто дар зери дарахтони боғ лўбиё кишт карда буданд, ки ҳосили зиёде дошт.

Ҳамин сол 151нафар хонанда ин муассисаи таълимиро хатм карданд, ки 132 нафари онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷҳо, аз ҷумла, 44 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино ва 10 нафари дигар ба муассисаҳои олии касбии хориҷи кишвар дохил шуданд.

Маҳфуза Дадабоева - сарварии МТМУ рақами 3 дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки соли гузашта бо сабаби бемории “Ковид – 19” таълимгоҳ таъмир нашуд. Имсол шиферҳои боми мактабро бо дастгирии падару модарон пурра нав кардем. Таъмири ҷории бинои таълимӣ бо маблағи 30000 сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар боғи мактаб 500 адад ниҳол, аз ҷумла, гелос, себ ва ғайра шинонида шуд.

 Боздид аз ду муассисаи таълимии ноҳия нишон дод, ки рафти корҳои таъмиру ободонии муассисаҳои таълимӣ дар ноҳия хуб ҷараён доранд.

Дар ноҳияи Спитамен соли хониши 2021-2022 30734 хонанда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар соли хониши нав 3669 хонандагон ба синфи якум қабул карда мешаванд, ки нисбат ба соли гузашта 25 нафар зиёд аст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия хонандагон ба се забон - тоҷикӣ, ўзбекӣ, русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ноҳия соли хониши 2020- 2021муассисаи нави таълимии рақами 12 барои б40 хонанда аз ҳисоби буҷаи вилоят ва муассисаи таълимии №33 барои 650 хонанда аз ҳисоби буҷаи кишвари Ўзбекистон сохта шуд.

 

Неъмат НЕЪМАТЗОДА,

ноҳияи Спитамен

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш