Нашрияи Омӯзгор

Қадрдонии омўзгорону сохтмончиён дар Вахш

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

28-уми августи соли равон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва омўзгорону хонандагон дар деҳаи Роҳи Нави Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Даврон Ҷўраев бунёд гардида, дорои 16 синфхона барои 750 хонанда дар ду баст мебошад.

Зимни ҷамъомади тантанавӣ М. Имомзода - вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ суханронӣ карда, бунёди ин муассисаи таълимиро дар арафаи соли нави хониш ва истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ падидаи нек ва туҳфаи арзишманд барои сокинони маҳал донист. Насли наврасро ба хониши хубу аъло ҳидоят карда, ба омўзгорон ва падару модарон таъкид намуд, ки дар кори таълиму тарбия фаъол бошанд.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар меафзояд ва зарурати бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ пеш меоянд. Бахусус, дар ноҳияи Вахш ҳамасола беш аз 2 ҳазор хонанда муассисаҳои таҳсилоти умумиро хатм намуда, наздики 5 ҳазор нафар кўдак ба синфи якум қабул карда мешаванд.

Дар идомаи чорабинӣ, барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаву созанда як қатор ташаббускорон, аз ҷумла, сохтмончиёну омўзгорон бо “Сипоснома”-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш