Нашрияи Омӯзгор

Бинои нав ифтитоҳ ёфт

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омўзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 мавриди истифода қарор дода шуд.

Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Сохтмони Шариф” иҷро гардидаанд.

Қобили қайд аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Шаҳритус 349 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 26 нафар омўзгор фаъолият менамоянд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, кабинети фанни физика, синфхонаи компютерӣ, 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон мавҷуд аст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш