Нашрияи Омӯзгор

Бунёди бинои иловагии мактаб

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

28-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омўзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Қумшоқи ноҳияи Шаҳритус муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре сардори раёсати сохтмони асосии вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода иттилоъ дод, сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардидаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, айни замон,   пурра ба анҷом расидааст ва бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, 7 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон ҷой гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта бо иштироки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омўзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Боғҷида бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 мавриди истифода қарор дода шуд.

Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Канора” иҷро гардидааст.

Айни замон дар иншоот корҳо ба пуррагӣ ба анҷом расида, бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Шаҳритус 195 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 15 нафар омўзгор фаъолият менамояд.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он 10 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, кабинети фанни физика, синфхонаи компютерӣ, 8 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор, хонаи муаллимон, лаборатория, китобхона ва ҳуҷраи муҳосиб тарҳрезӣ гардидааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш