Нашрияи Омӯзгор

Мактаб дар деҳаи Қумшоқ

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

28-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини раиси вилояти Хатлон Низом Мирзозода, раиси ноҳияи Шаҳритус Ғаффор Ҷабборӣ, омўзгорону хонандагон ва сокинони деҳаи Қумшоқи ноҳияи Шаҳритус муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре сардори раёсати сохтмони асосии вазорати маориф ва илм Дилшод Сафарзода иттилоъ дод, сохтмони бинои таълимии мазкур дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2016 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари иншоот раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “Абрис” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ “Баракати Сарбанд” иҷро гардидаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, айни замон,   пурра ба анҷом расидааст ва бинои муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иншооти мазкур аз як ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, 7 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва хонаи муаллимон ҷой гирифтааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш