Яке аз ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷомеа гирифтани таълими босифат мебошад. Ҳар як падару модар ва шахси тарбиятгар, ба мисли бобокалон, модаркалон, ки тарбияи кӯдак ба уҳдаи онҳост, вазифадор ҳастанд, ки дар шароити хона муҳити заруриро барои кӯдаконашон муҳайё намоянд. Барои кӯдак ин муҳит, пеш аз ҳама, бояд ором, бехатар, форам, тоза ва дорои маводи даркорӣ: мизи дарстайёркунӣ, ҷевони китобҳо ва дигар маводи таълимӣ бошад. Ҳангоми тайёр кардани дарс падару модар ба фарзанд бояд кумак расонанд, вале ба ҷойи вай вазифаи хонагиро иҷро накунанд. Бо фарзандон муносибати самимӣ ва дӯстона барқарор намудан лозим аст, то ки кӯдак аз волидони худ наҳаросад ва тамоми фикру ақидаашро ба онҳо озодона баён карда тавонад. Падару модар вазифадоранд, ки ҳадди ақал рӯзе 10 - 20 дақиқа бо фарзандони худ оид ба таҳсил ва таълимаш суҳбат намоянд. Масалан, ба ӯ дар хусуси баҳоҳои гирифтааш, матнҳои хондааш ва ё шеъри аз ёд намудааш суҳбат намуда, барои пешрафташ ба ӯ таҳсину офарин гӯянд. Вақте ки фарзанд лаззати хонданро мечашад, ташвиши падару модар камтар мешавад. Падару модарон метавонанд кӯдакони китобхони хонадони ҳамсоя ва ҳамсолони ӯро даъват кунанд, то ки онҳо якҷоя китоб хонда, чизҳои хондаашонро бо ҳам муҳокима намоянд. Кӯдакон табиатан тақлидкоранд. Агар падару модар фарҳанги китобхониро дар оила корбаст кунанд, барои кӯдакон беҳтарин намуна хоҳад буд. Беҳтарин машғулият дар ин самт афсонахонӣ мебошад. Ин барои кӯдакон хеле шавқовар ва диққатҷалбкунанда аст. Афсонаро мувофиқи синну соли кӯдак интихоб кардан лозим аст, то ки ба кӯдак шавқовару диққатҷалбкунанда ва таъсирбахш бошад. Волидон бояд афсонаву ҳикояҳои хубро интихоб намоянд, то фарзандонро сахт ба ҳаяҷон наоваранд, онҳо натарсанд. Афсонаро чунон хондан лозим аст, ки кӯдак ба олами афсона ворид гардад ва худро дар қатори қаҳрамонҳои афсона тасаввур намояд. Баъди ба анҷом расидани афсона аз кӯдакон пурсидан лозим аст, ки кадом симоҳои афсона ба онҳо маъқул шуд ва барои чӣ? Тадқиқотҳо нишон доданд, кӯдаконе, ки падару модарашон ба онҳо пеш аз хоб афсона мехонанд, дар муассисаи таълимӣ аз кӯдаконе, ки падару модарашон пеш аз хоб ба онҳо афсона намехонанд, пешрафта мебошанд. Чунки пеш аз хоб шунидани афсона ба рушди тафаккури кӯдак таъсири мусбат расонида, асаби ӯро ором мекунад.
Манфиати хондани афсона чуни аст:
1. Хотираи кӯдак мустаҳкам мегардад.
2. Тасаввурот ва тахайюлоти кӯдак бой мегардад.
3. Кӯдак калимаҳои нав-ро ёд мегирад.
4. Асаби кӯдак ором мегардад.
5. Ҷаҳонбинии кӯдак васеъ шавад.
Д.Хуррамова,
омӯзгори синфҳои
ибтидоии мактаби №83, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр