Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми шоистаи соҳибкор Қадриддин Холов

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Чанде пеш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Хатлон қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳияи Кўшониён Икромиддин Вализода ба деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кўшониён ташриф оварда, филиали синфхонаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти иловагии №71, ки бо дастгирии соҳибкор Қадриддин Холов сохта шудааст, мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аввали соли 2020 оғоз гардида, ҳаҷми маблағи корҳои иҷрошуда зиёда аз 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил, махсусан, барои синфҳои ибтидоии деҳаи Обшорон, ки бинои асосии таълимии №71 аз деҳа дар масофаи 2,5 километр дуртар ҷойгир аст, сохта шудааст. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии №71 дар синфхонаҳои иловагии сохташуда таҳсил намоянд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар шафати синфхонаҳои иловагӣ ошхона барои хонандагон ва майдончаи варзишӣ ба инобат гирифта шуда, майдонча пурра омода ва ошхона то оғози таҳсил ба истифода дода мешавад. Дар иншооти зикршуда 8 ҷойи кории доимӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илм

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш