Дилафрўз Саидӣ, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд барандаи озмуни «Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдор»-и Федератсияи Россия гардид.
Мавриди тазаккур аст, ки озмуни «Навгониҳо дар соҳаи маориф» (“За инновации в области образования”) чанд сол ба ин тараф аз ҷониби «Академияи бисёрсоҳавии таҳсилоти давомдор» - и Федератсияи Россия миёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишварҳои муштаракулманофеъ доир карда мешавад.
Соли ҷорӣ аъзои ҳакамон аз ҷамъи иштирокчиён Дилафрўз Саидӣ - директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷандро барандаи мутлақи озмун донистаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пас аз баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ мукофоти мазкурро ба Дилафрўз Саидӣ тақдим намуд.
Қобили зикр аст, ки чунин медали тилло бори нахуст ба яке аз роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуда, ҳадаф аз он ҳавасмандсозии роҳбарони макотиби олӣ ва омўзгорони навовар дар ташаккул ва муаррифии илм ва мудирият (менеҷмент)-и муосир мебошад.
Дилафрўз Саидӣ моҳи марти соли 2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таъйин гардид. Номбурда рисолаи номзадиашро аз рўи илмҳои техникӣ дар Федератсияи Россия ҳимоя кардааст.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр