Нашрияи Омӯзгор

Оғози фаъолияти «Нури маърифат»

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

Дар арафаи  таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва оғози таҳсили солҳои 2021-2022 дар шаҳри Турсунзода муассисаи таълимии «Нури маърифат» мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт, ки 1 сентябри соли равон аввалин хонандагон ба ин муассиса қадам гузошта, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 500 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур дорои кабинетҳои фаннӣ буда, бо беҳтарин таҷҳизоти замонавии дарсӣ муҷаҳҳаз  мебошад, ки зимни  гузаронидани дарсҳои амалии хонандагон мусоидат менамояд.

Дар маросими тантанавии ифтитоҳи мактаби номбурда раиси шаҳр Парвиз Акрамзода суханронӣ намуд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода Лайло Раҷабова гуфт, ки дар 126 муассисаи таълимии шаҳр бо иштироки 66 ҳазору 386 нафар хонанда соли нави таҳсил оғоз гардид. Мояи  шарафу иқболи  хонандагону омўзгорони шаҳри Турсунзода  аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварда, якчанд  иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, ду муассисаи таълимӣ- Литсей-интернати шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар доираи ин сафар, ҳамчунин, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 25, 81, 117  ва  ду муассисаи томактабӣ мавриди истифодаи насли наврас қарор гирифтанд. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода бунёди 135 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ нақшабандӣ гардид, ки то имрўз 108 синфхона дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуда, мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида истодааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш