Вобаста ба иҷрои талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар давраи таътили тобистона ҳамарўза аз соати 10:00 то соати 12:00 ва рўзҳои шанбе аз соати 08:00 то соати 11:00 дар Вазорати маориф ва илм аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазир қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиатҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Муроҷиатҳо асосан фарогири мавзўъҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабию миёнаи умумӣ, қабул ба мактаб-интернатҳо, қабул, интиқол ва барқарор намудани донишҷўён дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмин бо ҷойи кор, сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, интиқол аз гурўҳи ғайриройгон ба гурўҳи ройгон, таҳсил дар шуъбаи магистратура, таъмин бо хобгоҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф мебошанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм
Иловакунӣ
Иловакунии фикр