Нашрияи Омӯзгор

Бинои таълимии нав дар деҳаи Ғайрат

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

26-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати ҷамоати деҳоти Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот се ошёна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда шудааст. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи дониш ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда ба омўзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш