Нашрияи Омӯзгор

Мактаби кўдаконаи санъати шаҳри Турсунзода

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

26-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии мактаби кўдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд.

 Бинои нави мактаби кўдаконаи санъат дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд карда шудааст. Бинои нави се ошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла, рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозхонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хурди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъмурият иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгў ба меъёрҳои муосир ба анҷом расондаанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омўзгорон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар мактаби кўдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омўзиши нозукиҳои гуногуни санъат ба 220 ҳунаромўз 25 нафар омўзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардидааст.

 Омўзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави мактаби кўдаконаи санъатро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омўзгорону ҳуна-ромўзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш