Нашрияи Омӯзгор

Литсей-интернат дар шаҳри Турсунзода

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

26-уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон литсей – интер-нати шаҳри Турсунзодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд.

Ин муассисаи таълимӣ аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқбо-ли ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷўрабек Муҳибов сохта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Бинои литсей – интернат аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», барои солҳои 2020-2040 ба омўзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.

Масоҳати иншооти варзишӣ 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулиятҳо бо хонандагон хеле мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии ин даргоҳи маърифат ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамкарда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш