Нашрияи Омӯзгор

«Сӣ гули як гулдаста»

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 825        Шарҳ: 0

 

Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «бахту саодати мардум», «волотарин сарвати миллат», «комёбии беназир» ва «татбиқи орзуву ормони дерини халқи тоҷик» номида, таъкид кардаанд, ки ҳар яки – мо ватандорон бояд ба қадри он бирасем ва дар ҳифзу пойдориаш ба ҷон бикўшем.

Воқеан ҳам, мо саодатманду шарафнасиб аз онем, ки дар даврони истиқлоли  Ватан зиндагӣ мекунем, ва аз ҳавои атрбезу гуворои истиқлол  нафас мекашем. Инак, Истиқлоли Тоҷикистон 30-сола мешавад ва ин санаи фархундаву муборакро ҳамагон бо ифтихори баланди миллӣ ва сарфарозию шукўҳу шаҳомат истиқбол мегиранду таҷлил менамоянд. Омодагии ҳамагонӣ ба ин   солгарди фараҳбор дар саросари кишвари маҳбубамон ҳанўз ду-се сол қабл шурўъ шуда буду дар иртибот ба ин корҳои зиёде дар самти шукуфоиву ободонии мамлакат сомон бахшида шуданд. Метавон гуфт, ки ҳар як сокини ҷумҳурӣ имрўз ба ҷашни Истиқлол ҳадяе арзанда дорад. Кормандони ҳафтаномаи «Омўзгор» низ вобаста ба муборакҷашни истиқлол тадбирҳои муфидеро амалӣ намуданд, ки муҳимтарин онҳо чопи силсилаи мақолаҳо бахшида ба ин ҷашни бузурги миллат мебошад.

Илова бар ин, бо ташаббусу ибтикори аҳли қалами нашрия аз силсилаи «Китобхонаи  ҳафтаномаи «Омўзгор» китоби наве таҳия ва чоп шуд, ки «Сӣ гули як гулдаста» ном гирифтаасту ҳамчун ҳадя ба 30-солагии Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон пешкаши хонадагон шудааст. Бояд гуфт, ки силсилаи мазкур яке аз ибтикороти вижаи ҳафтаномаи «Омўзгор» буда, то соли равон 6 китоб аз ин силсила ба нашр расидаву дастраси муштариён гардидааст. Китоб – ҷашнияи «Сӣ гули як гулдаста», ки ороишӣ ва бандубасти зебо низ дорад, бо сарсухани пурмуҳтавою ифтихоромези  вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, академик  Муҳаммадюсуф Имомзода, ки «Истиқлоли безавол» ном гирифтааст, ифтитоҳ ёфтааст. Дар он, аз ҷумла, чунин сатрҳои меҳрборро мехонем:

«Дар татбиқи ислоҳоти маориф ва таҳкими пояҳои истиқлоли кишвар тамоми бахшҳои ин соҳаи бавусъат фаъолона ширкат доранд. Дар ин ҷабҳа, ба вижа нашрияҳои Вазорати маориф ва илм мавқеи устувор пайдо кардаанд ва фаъолияти онҳо сутуданист. Дар саҳифаҳои ин нашрияҳо пайваста навиштаҳое ба чоп мерасанд, ки хусусияти созандагӣ доранд, моҳияту аҳамияти таълиму тарбияро тавзеҳ мебахшанд, аз ҷараёни ислоҳоти соҳа иттилоъ мерасонанд, дастовардҳои миллатро тарғиб менамоянд, сухан аз бартарии дўстиву ваҳдат ва одоби ҳамида мегўянд. Дар ин миён ҳафтаномаи маъруфу собиқадор, минбари  баланду  дилписанди  аҳли маорифи ҷумҳурӣ – «Омўзгор» мақоми пешсафро дорад. Маҳз аз ҳамин нашрияи бонуфуз аҳли мамлакат мунтазам аз набзи маорифи кишвар огаҳӣ пайдо мекунанд, оид ба махсусиятҳои таълиму тарбия, фаъолияти омўзгорони варзида, навгониҳои марбут ба таҳсилоту илму маърифат маълумоти саҳеҳу ростин ва фаврӣ дастрас менамоянд. Ҳафтаномаи «Омўзгор», ҳамчунин, анъанаҳои хосу дерини худро дорад, яке аз онҳо ба таври шоиста, бо дастовезҳои маънавӣ пешвоз гирифтани санаҳои фархундаву таърихии миллист… Инак, чун идомаи ин анъанаи накуву ифтихорбарангез ва маърифатгустар аҳли қалами ҳафтанома ба муносибати фархундаҷашни миллат – 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамчун дастовези идона китоби муҳтавомандеро бо номи зебои «Сӣ гули як гулдаста» мураттаб сохтаанд, ки аз беҳтарин мақолаҳое, ки дар давоми даҳсолаи охир дар саҳифаҳои нашрия ба чоп расидаанд, фароҳам омадааст.»

Дар китоби «Сӣ гули як гулдаста» ба тариқи гулчин сӣ мақола, ки дар давоми даҳ соли охир перомуни мавзўъҳои умдатарини ҳаёти кишвар, ба вижа, мактабу маориф, илму фарҳанг дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омўзгор» ба нашр расидаанд, гирд  оварда шудааст. Нахустнигоштаи ин силсила «Истиқлол ва маориф» ном дорад ва дар он нуктаҳо аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба нақши маориф дар рушди мамлакат оварда шудаанд. Пешвои миллат, аз ҷумла, иброз доштаанд:

«Имрўз дар замони истиқлолият бояд эҳёи маънавии миллат ва рушди илму маорифро  дар ҷои аввал гузорем. Зеро бе ин ҷомеаи мо мустаҳкам ва пешрав нахоҳад шуд».

Мақолаҳои дигари ин китоби муҳтавоманду пурарзиш ба қалами зумрае аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар, олимону адибон, рўзноманигорон ва ходимони сиёсӣ мутааллиқанд ва риштаи заррине, ки ин ҳама нигоштаҳоро ба ҳам пайванд мебахшад, мавзўи ифтихори ватандорӣ ва шарафмандии миллист.

Китоби «Сӣ гули як гулдаста»-ро сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омўзгор» Ноилшоҳ Нурализода ва ҷонишини сармуҳаррир Абдурауф Муродӣ мураттаб сохтаанд. Он бо теъдоди 200 нусха дар чопхонаи «Бебок»-и пойтахти кишвар ба сифату ороиши баланд ба нашр расидааст.

Нашри ин китоб дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бори дигар таъкид бар он андарзи дерин мекунад, ки «Беҳтарин ва мондагортарини ҳадяҳо китоб аст».

 

«ОМЎЗГОР»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш