Нашрияи Омӯзгор

Истиқлоли безавол

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Ба ҳукми таърих халқи куҳанбунёду деринтамаддуни тоҷикро қисмати хеле печидаву пуршебу фароз насиб гаштааст. Нуктаи ҷолибу сутуданию ифтихорӣ ва ҳикматбор он аст, ки дар ҳама гуна вазъияту ҳолат тоҷикони шарафманд аз ҳама чиз гузашт карда бошанд ҳам, нангу номус ва ифтихори миллии худро ба ҷон ҳифз бинмудаву дар ин росто пеши касе сар хам накардаанд.

Дар марҳилаҳое аз таърих ҳатто аз давлату давлатдорӣ маҳрум монданд, аз сарвату дороӣ низ, лек маънавияти волояшон, сиришти хирадпарварашон заррае коҳиш наёфт, балки пайваставу ҳамвора биафзуд. Мегўянд, ки «Меваи сабр ширин аст».  Таҳаммулгароии азалии тоҷикон ва хушбинии ҳамешагиашон дар ниҳоят муҳимтарин омили ба саодати миллӣ расидани онҳо гардид. Ин ҳодисаи фараҳбору қисматсоз дар поёни қарни XX ба вуқўъ пайваст ва тоҷикони афрохтасар ба Истиқлоли давлатӣ расиданду дар харитаи сиёсии ҷаҳон хуҷистакишваре бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард. Дар иртибот ба ин шоире бисёр воқеъбинонаву барҳақ гуфта:

Пас аз рўзгорони дуру дароз

Худо тоҷиконро навозид боз.

Ҷавоне ҷавонмард омад ба тахт

Чу Сомони сонӣ дар ин рўзи сахт.

Ин «ҷавоне ҷавонмард» фарзанди барўманду фарзона ва ҷасоратманду ватанпарасти миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он рўзҳои сангину вазнини солҳои 90-ум бо азми дурусту саъйи комил зимоми давлатдориро ба даст гирифт, хидмати халқи азизи худро шиор кард, миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуд, ҷангро ба сулҳ табдил дод, парчами ваҳдатро ба ҷилва овард.

Зи нав рўҳи Сомониён шод кард,

Ба расми ниё давлат эҷод кард.

Истиқлоли давлатӣ орзуи дерину ширини халқи тоҷик буд ва, хушо, ки ин халқи накусиришт ба орзуи муқаддаси хеш шарафёб гашт. Ҳамакнун сӣ сол мешавад, ки тоҷикон дар фазои истиқлол нафас мекашанд, дорои давлати соҳибистиқлоланд ва як кишвари мустақилу соҳибихтиёри оламанд. Ин бахт аст, саодат аст, шараф аст, сари баланд ва ҳам масъулият аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки эҷодгару таҳкимгар ва устуворсозу ҳомии Истиқлоли давлатии тоҷиконанд, ин мафҳумро бо камоли хирад чунин тавсиф бахшидаанд: «Истиқлол ҳамчун рукни бунёдии озодии инсон ва ҷавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллии мо будааст. Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати миллӣ мебошад».

Истиқлол барои рушду такомулу шукуфоии Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии Пешвои муаззамаш тамоми шароитро фароҳам овард. Бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар 30 соли Истиқлол барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносию худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва ин дастоварди таърихиву барҷаста маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми хирадпарвару фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардид.

Мо ифтихорманд аз онем, ки ба шарофати истиқлол дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти мамлакат соҳаи маориф низ вусъату пешрафти бесобиқа пайдо кард ва дар пойдоргардии тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти мардуми кишвар нақши калидӣ гузошт. Воқеан, маориф ҷузъи таркибии зиндагии ҳар яки мост ва ҳар як рухдод, ҳар як шебу фарози ҳастиамон иртиботманд бо ин соҳаи муҳиму маърифатгустар аст. Бо ибтикори Сарвари кишвар соҳаи маориф дар ҷумҳурии мо соҳаи афзалиятнок эълон шуда, дар ин соҳаи тақдирсоз ислоҳоти куллӣ ба амал оварда шуд. Бо ҳадафи дастгирию роҳнамоии соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ як силсила ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф», Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи мактаби миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи муассисаҳои томактабӣ, Консепсияи муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ, Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 20230» ва даҳҳо санади муҳими танзимкунандаи соҳа таҳия ва қабул гардиданд, ки ҳар яке рухдоди марҳилавӣ дар ҳаёти мамлакат гардиданд ва ба ҷаҳишҳои сифатӣ дар соҳаи маориф мусоидат карданд. Таъкидҳои зерини Пешвои миллат ҳадафу моҳияти асноди мазкурро ба таври саҳеҳ тавзеҳ мебахшанд: «Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рў, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ ва тарзи идораи демократӣ, ки то имрўз барои ноил шудан ба дастовардҳои илму техника ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти таваҷҷуҳи доимии давлат қарор доранд».

Дар татбиқи ислоҳоти маориф ва таҳкими пояҳои истиқлоли кишвар тамоми бахшҳои ин соҳаи бавусъат фаъолона ширкат доранд. Дар ин ҷабҳа, ба вижа нашрияҳои Вазорати маориф ва илм мавқеи устувор пайдо кардаанд ва фаъолияти онҳо сутуданист. Дар саҳифаҳои ин нашрияҳо пайваста навиштаҳое ба чоп мерасанд, ки хусусияти созандагӣ доранд, моҳияту аҳамияти таълиму тарбияро тавзеҳ мебахшанд, аз ҷараёни ислоҳоти соҳа иттилоъ мерасонанд, дастовардҳои миллатро тарғиб менамоянд, сухан аз бартарии дўстиву ваҳдат ва одоби ҳамида мегўянд. Дар ин миён ҳафтаномаи маъруфу собиқадор, минбари баланду дилписанди аҳли маорифи ҷумҳурӣ – «Омўзгор» мақоми пешсафро дорад. Маҳз аз ҳамин нашрияи бонуфуз аҳли мамлакат мунтазам аз набзи маорифи кишвар огаҳӣ пайдо мекунанд, оид ба махсусиятҳои таълиму тарбия, фаъолияти омўзгорони варзида, навгониҳои марбут ба таҳсилоту илму маърифат маълумоти саҳеҳу ростин ва фаврӣ дастрас менамоянд. Ҳафтаномаи «Омўзгор», ҳамчунин, анъанаҳои хосу дерини худро дорад, ки яке аз онҳо ба таври шоиста, бо дастовезҳои маънавӣ пешвоз гирифтани санаҳои фархундаву таърихии миллист. Ҳамбаста ба ин анъана, қаблан нашрия, аз ҷумла, бахшида ба 80-умин солгарди таъсисаш, ба ифтихори мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ҷашни Наврўз, ба муносибати садумин солгарди таъсиси матбуоти тоҷикӣ китобҳои ҷолибу пурмуҳтаво таҳия кардаву ба чоп расонда, дастраси аҳли илму маориф ва доираи васеи ҳаводорони сухани ноб карда буд. Инак, чун идомаи ин анъанаи накуву ифтихорбарангез ва маърифатгустар аҳли қалами ҳафтанома ба муносибати фархундаҷашни миллат – 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ҳамчун дастовези идона китоби муҳтавомандеро бо номи зебои «Сӣ гули як гулдаста» мураттаб сохтаанд, ки аз беҳтарин мақолаҳое, ки дар давоми даҳсолаи охир дар саҳифаҳои нашрия ба чоп расидаанд, фароҳам омадааст. Ин мақолаҳо ҳар яке бо сабку услуби хоса нигошта шудаанд ва мавзўъҳои гуногунро фаро мегиранд, вале як нуктаи басо ҷолиб ва муҳим – ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ситоиши истиқлол ва дастовардҳои рўзафзуни аҳли кишвар, ширкати фаъолонаи алоқамандони мактабу маориф дар раванди рушду ободонии мамлакат, тарбияи ифтихори миллӣ ва ҳисси волои хештаншиносӣ ҳама навиштаҳои китоби «Сӣ гули як гулдаста»-ро, ки теъдодашон ситосту дар маҷмўъ, воқеан ҳам, як гулдастаи муаттару зебои маънавиро ба вуҷуд овардаанд, ба ҳам пайванд мебахшанд. Ин китоб дастовези шоистаи аҳли қалами ҳафтаномаи маҳбуби мо – «Омўзгор», аст, ки ба ифтихори сиюмин солгарди сурурбори Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бешубҳа, ба истиқболи гарму самимии доираи васеи хонандагон шарафёб хоҳад гашт.

Муҳаммадюсуф ИМОМЗОДА,

вазири маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш