Нашрияи Омӯзгор

Бунёди мактаби нав дар Азизобод

Сана: 2018-08-02        Дида шуд: 750        Шарҳ: 0

Дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва таъмини рушди илму маориф диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Бо дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаҳои навбунёди ноҳияи Мастчоҳ мактабҳои замонавӣ бунёд мешаванд. Филиали мактаби №38 дар деҳаи Азизободи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, аз ҷумлаи чунин иншоотест, ки бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд мегардад.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин супориш дод, ки ба сифати бинои бунёдшаванда ва маҳсулоти сохтмонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Азиззода бунёди ин муассисаи таълимиро нишонаи таваҷҷуҳи махсуси ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо вазифаи омӯзгорону аҳли ҷомеа аст, ки толибилмонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Мактаби мазкур аз 5 синфхона иборат буда, барои 250 нафар дар ду баст бунёд мегардад. Тибқи иттилои дастрасшуда ин муассисаи таълимӣ то оғози соли нави таҳсил ба истифода дода хоҳад шуд.

 

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш