Нашрияи Омӯзгор

Дониш андар дил чароғи равшан аст!

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бахшида ба Рўзи дониш

Муҳтарам аҳли маориф ва илми кишвар!

Устодону донишҷўён ва хонандагони азиз!

Ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони маҳбуб, дар нахустрўзи соли нави таҳсил – 1 сентябр, Рўзи дониш таҷлил ва Дарси сулҳ доир мешавад, ки ин сана барои тамоми донишандўзон басо рамзист, зеро муҳимтарин ҳадафи таҳсил андўхтани илму дониш аст.

Таҷлили имсолаи Рўзи дониш ва Дарси сулҳ барои тамоми аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла, хонандагону омўзгорон ва донишҷўёни кишвар санаи ниҳоят муҳим ва хотирмон хоҳад буд, зеро дар ин сол ҷашни фархундаву саодатбахш ва тақдирсози миллат – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Истиқлол дар баробари ҳифзу нигаҳдошти тамоми муқаддасоти миллӣ дар рушду такмили соҳаи маориф ва бунёду истеҳкоми он нақши боризе дорад. Тавассути ин неъмати бебаҳо ва заҳматҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷуммҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот ва оромию осоиштагии сартосарӣ танинандоз гардид ва низоми маорифи мамлакат дар самти таҳкими илму дониш неруи тозае касб кард.

Маҳз дониш ба инсонҳо нерую тавоноӣ мебахшаду фаъолияти босамару густурдаи онҳоро дар ҷодаҳои зиндагӣ таъмин месозад. Оне, ки дониши фарогиру зарурӣ дорад, ҳамеша комёбу сарбаланд аст ва барои халқу Ватан хидмати шоиста ва манфиатбор мекунад. Тавассути донишомўзӣ ҳар фард дар зиндагӣ ҷойгоҳи ифтихории худро дармеёбад, соҳиби эҳтирому эътироф мегардад. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фарогирии илму дониш чунин таъкид кардаанд: «Дониши ҳар кас дар муайянсозии шахсияти ў маҳаки асосист. Дониш зиндагии моро хушу гуворо, ҷомеаамонро пешрав ва арсаҳои фаъолиятамонро мунаввар месозад». Боз ҳам ба таъкиди Сарвари кишварамон, мардуми тоҷик аз азал эътиқод ба дониш доштаанд ва ҳикмати «Зи гаҳвора то гўр дониш биҷўй»-ро маромномаи ҳастии худ баргузидаанд. Ҳанўз дар «Авасто» - қадимтарин сарчашмаи хаттии мардумони ориёинажод дониш ва хирад ситоиш шудааст.

Қофиласолори адабиёти тоҷик, устод Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ин вижагии азалии тоҷиконро дар қитъаи машҳури зер басо муассиру андарзбор ба қалам додааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз рози дониш бениёз.

Мардумони бихрад андар ҳар замон

Рози донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Минбаъд низ аҳли адаб ва кулли хирадмандон донишро мадҳу ситоиш кардаву онро чун «қуфлкушои дарҳо»-ву «машъали раҳнамо» ва «омили зафармандиҳо» тавсиф кардаанд ва ҳамчунин, «оби ҳаёт»-у «василаи наҷот» номидаанд. Ҳаким Фирдавсии суханофарин даъват аз ҳамагон бинмудааст:

Биёмўзу бишнав зи ҳар донише,

Биёбӣ зи ҳар донише ромише.

Ҳамин гуна ситоиши донишу донишварӣ дар адабиёти ҷаҳонгиру беназири мо дар сатҳи хеле баланд аст ва ҳамаи моро ҳушдор медиҳад, ки пайваста аз пайи донишомўзӣ бошему ҳеҷ гоҳ аз ин кор фориғу барканор намонем. Табиист, ки дониш бо илму маориф ҳамбастагии ногусастанӣ ва ҳамешагӣ дорад. Дар арҷгузорию донишомўзӣ аҳли маориф мақоми аввалдараҷа доранд ва ҷабҳаҳои фаъолияти онҳо - мактабу гимназияву литсейу донишкадаю донишгоҳҳо дар маҷмўъ донишсаро номида мешавад. Дар даврони истиқлоли кишвар, махсусан, донишомўзии насли наврас, ки ояндасозони Ватан мебошанд, бештар дар меҳвари диққат қарор дорад. Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон чунин иброз доштаанд: «Ҳадафи аслии мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили насли наврас ҳамин аст, ки онҳо соҳиби дониши мукаммал, забондон, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор ва дорои касбу кор ва ихтисосҳои гуногун бошанду дар ободсозӣ ва тараққии Ватани азизи худ саҳми шоиста гузоранд». Ба ин мазмун, ҳадафи асосӣ аз ислоҳот дар соҳаи маориф, бознигарии барномаву нақшаҳои таълимӣ, корбасти усулҳои фаъоли таълим, таҳияи ҷадиди китобҳои дарсӣ, нашри номгўи зиёди дастурҳои методӣ, истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ ва амсоли инҳо тақвиятбахшӣ ба илмомўзии насли наврас ва ҷавонон мебошад. Инчунин, маҳз ба хотири боз ҳам вусъат бахшидан ба доираи донишҳои ояндасозони миллат ва фарогирии комилтари донишҳои муҳими муосир аз ҷониби онҳо дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) эълон шудааст, ки ин тадбири хеле самарабахшу манфиатбор дар самти тақвиятбахшии донишомўзии наврасону ҷавонон маҳсуб меёбад. Маълум аст, ки ғановати хазинаи дониш ва корбасти ин хазина марбут ба соҳаи маориф аст. Намоёнтарин чеҳраҳои ин соҳаи маърифатгустар омўзгоронанд ва онҳо машъалафрўзони олами дониш буда, дар замири шогирдон шуълаи меҳр ба донишро меафрўзанд ва онҳоро дар рўҳияи хештаншиносию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ тарбият менамоянд. Бовар дорам, ки минбаъд фаъолияти устодони арҷманди мо дар ин самт боз ҳам тақвият меёбад ва дар ин замина меҳру муҳаббати шогирдон ба дониш – ба ин сарчашмаи кулли комёбиҳо, марҳила ба марҳила меафзояд.

Ҳамаи шумо – кормандону алоқамандони соҳаи маориф ва донишомўзони муҳтарам ва низ беш аз 240000 кўдаки саодатманди кишварро, ки имсол бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, ба ифтихори Рўзи дониш самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки ҳамеша комёбу пешрав бошед ва мунтазам дониш омўзеду кўлбори маънавии худро пурбортар созед, зеро бузургон фармудаанд:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан.

Оғози соли таҳсили нав ва Рўзи дониш муборак!


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш