Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи хобгоҳи мактаб-интернат ва мактаби нав дар пойтахт

Сана: 2021-09-02        Дида шуд: 784        Шарҳ: 0

 

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб-интернати рақами 1 барои кўдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор дода, бо тарбиятгирандагони он суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бинои хобгоҳ барои 375 нафар дар асоси дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгў ба талаботи муосир сохта шудааст.

Иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст.

Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд. Иншоот ҳамзамон дорои лифти замонавӣ аст.

Дар ҳар як ҳуҷраи хобгоҳ барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушўи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, бино бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла, камераҳои назоратӣ таъмин мебошад.

Хобгоҳ дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хобгоҳи нав, бо 500 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои интернатии шаҳри Душанбе суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, оид ба таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат тарбиятгирандагонро ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози Соли нави хониш таҳният гуфта, ифтитоҳи бинои хобгоҳи Мактаб-интернатро дар ин рўзҳои ҷашнӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба насли ояндасози миллат маънидод карданд.

***

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 133-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бо бардоштани парда аз рўйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи навбунёди таълимӣ оғоз бахшида шуд.

Мавриди зикр аст, ки мактаби замонавии бошукўҳ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни бошукўҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндаи миллат аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир семент» Баҳриддин Ҷурахонов бо тарҳи муосир ва ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Муассисаи таълимӣ аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи замонавии таълимӣ дорои 68 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, астрономия, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омўзгорону кормандони муассиса ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар мактаби мазкур барои омўзгорон ва хонандагоне, ки имконияташон маҳдуд аст, лифти замонавӣ насб гардидааст. Дар ҳуҷраҳои озмоишгоҳии мактаб асбобу аёниятҳои дарсӣ мавҷуданд, ки барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун хонандагон аз онҳо босамар истифода мебаранд. Дар синфхонаи барҳавои компютерӣ, ки бо муосиртарин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз аст, хонандагон имкон доранд, аз нозукиҳои кор бо технологияи иттилоотӣ бохабар бошанд.

Дар синфхонаҳои барҳавои таълими меҳнат, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дўхтани сару либоси миллиро омўхта, бо роҳнамоии омўзгорон таомҳои гуногун омода менамоянд. Барои дўстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омўзонида мешавад, ташкил гардидааст. Дар умум, дар аксари синфхонаҳои таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомўзӣ, аз ҷумла, видеопроектор бо тахтаҳои электронӣ мавҷуд аст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои муҳайёшуда дар иншооти таълимии навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди ободонию созандагӣ ва бунёди мактаби муосири бошукўҳ изҳори сипос карданд.

Дар ҳамин ҷо соҳибкори ватанӣ иқдом гирифт, ки боз як муассисаи нави таълимӣ барои 2400 нафар хонанда дар ду баст дар шаҳри Душанбе дар давоми се сол сохта ба истифода медиҳад.

 

President.tj

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш