Нашрияи Омӯзгор

Ду шоҳкор

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Румонҳои устод Сотим Улуғзода «Восеъ» ва «Фирдавсӣ» ба тафриқаи замони тасвир ва маводи нигориш нигоҳ накарда, ҳама хусусияти дастурии кори эҷодии эшонро ба таври барҷаста таҷассум кардаанд.

Вай, пеш аз ҳама, ба далоили мавҷуда, сарчашмаҳо, баррасӣ ва натиҷагириҳои шайъие, ки дар дигар соҳоти илм шудааст, такя мекунад, худ мустақилона барои дарёфти кунҳу моҳияти масоили давру замон ва афроди он айём ба ҷустуҷў медарояд, ба андеша меравад ва ба ин васила ба ҳақиқати таърихӣ такя мекунад, то симои аслии замони тасвир, ҳолу ҳавои таърихро пеши назари хонанда оварда бошад. Аз ин ҷо ба натиҷае расида метавон, ки ҳар як асари устод натиҷаи ҷустуҷўҳои зиёд, омўзиши ҷиддӣ ва дарку мутолиаи маводи фаровони таърихӣ будааст. Аз ҷумла, эшон ҳангоми таълифи румони «Восеъ» деҳ ба деҳ гашта, сарчашмаҳои хаттӣ ва шифоҳӣ, ёдмондаҳои он вақоеъро омўхта, бо наздикони сарвари шўриш ва шоҳидони зиндаи ин воқеаи таърихӣ ҳамсуҳбат шуда, аз ҳама муҳимаш, рўҳияи ахлоқӣ, маънавӣ ва инсонии мардуми он диёрро аз наздик ба мушоҳида гирифтааст.

Устод Улуғзода румонро дар заминаи далел ва арқоми таърихӣ, нақлу ривояти шоҳидон (аз ҷумла, Иброҳим Маҷнунзодаи 104-сола), омўхтани ҷою макон ва шиносоӣ ба хислату хўи одамони маҳал, мутолиаи асарҳои таърихӣ, сарчашмаҳои хаттӣ, қайдҳои сафари сайёҳон, ки ҳама дар якҷоягӣ дар деги тахайюли воқеъгарову моҳиятбини нависанда аз нав кор карда шудаанд, ба вуҷуд омадааст. Аз ин ҷо, румон асоси пурқуввати ҳуҷҷатӣ, балки гоҳе тарҷумаҳолӣ дорад ва аз таҷрибаи зиндагӣ ва эҷодии муаллиф низ ба он хеле мазиятҳо афзуда шудааст.

Дар айни замон «Восеъ» ба сари худ асари мустақил ва нотакрори адабӣ мебошад, ки дар адабиёти навини тоҷикӣ мақоми бузургеро молик аст.

Дар румони мазкур масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ, равандҳои зиндагии мардуми бекигариҳои Ховалинг ва Балҷувон, хусусан ва умуман, тамоми аморати Бухоро дар чоряки севуми асри Х1Х ба тасвир омадааст. Нависанда ҳолати танг, зиндагии сахт ва ҷабру зулми беамонро ба мардум тасвир мекунад, ки ҳодисаи хушксолӣ ва ба қашшоқӣ гирифтор шудани онҳо нуқтаи атфи эътироз гардид. Аммо ҳукуматдорон ба ҷои он ки мушкилоти мардумро осон карда бошанд, баръакс бар зулми пешин боз беинсофиро афзуданд.

Дар маркази румон, махсусан, симои Восеъ - сарвари шўриши мардумие гузошта шудааст, ки зиёда аз 100 сол пеш дар сарзамини Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд омадааст. Нависанда хеле дақиқназарона сабабҳои сар задани шўриши мазкур ва омилҳои асосие, ки Восеъро аз як ҷувозкаши одӣ то ба роҳбари исёни мусаллаҳу дастаҷамъонаи мардум ва шахси аз илми ҳарб огоҳ расонидааст, бо тасвиркории воқеъгароёна нишон медиҳад. Сониян, дар тамоми румон дар шаклҳои гуногун зуҳур ёфтани эътирози халқ зикр мешавад. Ин эътироз гоҳе бо ақоиди маорифпарварон (масалан, Мулло Сафар) пайванд мехўрад, гоҳи дигар дар мавриди мушаххас шакли муташаккилонаро мегирад. Зимнан, ҳамин таннодеҳӣ ва қаҳру ғазаб халқро ба муқобили зулм ва ҳукумати амирони Манғития муттаҳид сохт ва Восеъро ба сифати сарвари шўриш боло бурд. Восеъ шахси далер, ғаюр, боҳамият, худшинос, яъне намехоҳад, ки манғитиён ҳувияти инсонии ўро зери по карда бошанд ва аз мардум низ ҳаминро тақозо дорад. Аз ҳама муҳим, вай ба хираду заковат ва ҳикмате, ки аз таҷрибаи халқ ва худаш берун омадаанд, майли хоса дорад.

Нависанда ин ҳама ташаккули қаҳрамонашро бо тааннӣ ва пайваста таҳлилу тадқиқ мекунад ва сабабҳои шикасти шўришро зикр карда, оқибати фоҷиабори сарнавишти Восеъро хеле самимӣ ва таъсирбахш тасвир мекунад.

Сохтори румон, банду басти он баёнгари ғоя ва фикри асосии нависанда буда, сужаи он манзара ба манзара шиддат мегирад, мукаммал мешавад ва вусъат пайдо мекунад. Ҷузъу кулл ба тору пуди якдигар даромехта, сарнавишти инсонҳои гуногунхислату мухталифсарнавишт, зиндагонии сахту пурмашаққат ва симои асили инсонии онҳоро пеши назар меоранд. Румон аз ҷузъиёт, бахшу бобҳое таркиб ёфтааст, ки байни ҳам пайвасти табиӣ доранд ва якдигарро тақвият мекунанд. Сухани муаллиф адабии тоза, тасвирӣ, характерофар, маъникаш, пухта ва хоси табиати мардуми маҳал, вале дар кулл сирф адабии покиза мебошад…

Таърихи таълифи румони «Фирдавсӣ» низ ҷолиби диққат аст. Ба қавли нависанда ў чиҳил сол боз дар орзуи таълифе дар бораи Фирдавсӣ будааст.

Румони «Фирдавсӣ» (1986) рўзгори пурошўби Фирдавсӣ ва сарнавишти шоҳасари ў «Шоҳнома»-ро дар бар гирифтааст. Аммо асари мазкурро наметавон ба сифати як таълифи таърихии тарҷумаҳолӣ маҳдуд кард. Нависанда мувофиқ ба дастури таърихнигории худ кўшиш кардааст, ки зимни нигориши рўзгор ва қисмати муаллифи «Шоҳнома» манзараи умумии зиндагии мардум, фазои сиёсии иҷтимоӣ ва маънавии замон, низоъҳои дохилидавлатӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ ва ахлоқии охири асри 1Х ва аввали асри Х ба тасвир гирифта бошад. Инак, иртибот ва бархўрди сарнавишти суханвари тавоно, сухани ҳаққу баландпоя, ҳикмати зиндагӣ, панди таърих ва муборизаҳои шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ, мазҳабию адабӣ ва ҷаҳолати маънавӣ аз низоъи асосӣ ва задухўрди марказии румони мазкурро ташкил медиҳанд.

Устод Улуғзода зиндагӣ, таҳсил, такомули донишу биниш ва ҳунари адабии шоири бузургро низ ба тасвир гирифта, пайваста ба сўи камолоти адабӣ ва корномаи эҷодӣ - офаридани шоҳкори оламшумул, ҳамосаи бузурги форсизабонон расидани ўро бо ҷузъиёт ва намунаву манзараҳои шайъӣ таҷассум месозад. Зиндагии оилавӣ, маҳрамона, талху ширини рўзгори шахсии ў низ аз назар дур намондааст. Аслан худи Фирдавсӣ як фарди нисбат ба аҳли хонавода меҳрубону ғамхор ва падари нармдилу накўхоҳ ва ҳассос мебошад. Дар айни замон муҳаббат ва меҳрубониҳои завҷаи муҳтарами ў Фотимабону ва духтараш Манижаро, ки дар лаҳзаҳои ҷустуҷўи мавод ва илҳоми таълифи «Шоҳнома» ба имдодаш мерасиданд ва бесуботии ахлоқии писараш низ ба ҷараёни умумии воқеот ва мушкилоти зиндагии шоир дохил шуда, муҳити эҷодӣ ва зиндагии ўро такмил медиҳанд. Бояд гуфт, ки нависанда ҳамеша дар баробари тасвири рўзгори иҷтимоии қаҳрамонони асарҳояш ба муҳити оилавӣ, зиндагии хусусии онҳо, ба пайванду низоъҳое, ки байни падарону писарон ба миён меояд, таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Фирдавсӣ тавассути шоҳасари худ нияти онро дошт, то ки «ҷаҳони Аҷами кайҳо фавтидаро зинда гардонад ва ҳам забони модариашонро чунон қувваю пояндагӣ бахшад, ки то абад ҳеч як қувваи беруна ба вай футуре расонида натавониста бошад». Вай ин мақсади наҷиби худро бузург ва муқаддас медонист ва ҳозир буд, ки тамоми умр, «тамоми нерўи тану рўҳи худро фидои он созад». Дар айни замон, вай хизмат ба ҳамагуна шоҳу амирро пушти по зада буд. Ба қавли нависанда «Волотабори мағрур Фирдавсӣ умуман ба бузургон одати тамаллуқ гуфтан надошт», аммо танқисиҳои рўзгор ва ба мақсади он ки «шояд савобу хатои пешиниён ба имрўзиёну фардоиён дарси ибрат шавад, ўро маҷбур мекард, ки «Шоҳнома»-ро ба амирони гуногун пешкаш намояд. Ва гузашта аз ин замона тақозо мекард, ки асар ба номи подшоҳе тақдим шавад, вагарна қисмати бадфарҷоме онро нигарон буд. Охирин вохўрии вай бо Султон Маҳмуд баргузор шуд. Аз ҳасудии ҳампешаҳо, тафсири ғаразноки афроди кўрдил ва аз бесуботии фикри султон «Шоҳнома»-и бузург бо арзиши ночизе қадр гардид. Офаридгори вай худро сахт таҳқиршуда дид ва ҳатто бар душмании давлат номзад шуд…

Ин манзараҳои пурзиддиятро Сотим Улуғзода бо тамкин ва маҳорати баланд ба тасвир гирифтааст.

Нависанда тазоди аҷиби таърихиро таҳқиқ кардааст: ба қадре, ки «Шоҳнома»-ро ҳасудон паст задаву сиёҳ мекарданд ва ҳокимони давр қабул намедоштанд, он ба ҳамон андоза шуҳрат меёфт, онро дар майдонҳо ба тариқи оммавӣ мехонданду гўш мекарданд, овозааш аз забон ба забон ва аз кишвар ба кишвар мерафт. Бешубҳа, муаллифи он Фирдавсиро ҳолати рўҳафтодагӣ бисёр рўй додааст, вале андешаи охируламр боло гирифтани қувваи некӣ вайро ҳеч гоҳ тарк накарда буд. Бинобар ин, накўкориҳои дўстонаш Абу дулаф, Наистонӣ, Аббоси бофанда, Моҳак, Маншурӣ, Исмоили Саҳҳоф ва боз бисёр дигаронро ёдовар шуда, тавассути онҳо ба бақои адолату инсони ҳақиқӣ, поктинат, бошарофат ва накўкор бовар кард ва ба хулосае расид: «Бе чунин мардум ҷаҳон чӣ гуна мебуд? Сард, хушк, берўҳ, беарзиш мебуд. Барои ҳамин гуна мардумон зистан, барои ҳаминҳо «Шоҳнома» офаридан меарзад… Бигзор султон маро кушад, вале ман намемирам, то дар ҷаҳон ҳамчу онҳо мардумоне ҳастанд, ман ҳастам, зиндаам».

Забони румонҳои мазкур ҳам аз ҷиҳати иртиботи ҷумлаҳо, ғанои луғавӣ ва аз муҳимаш, қувваи калони тасвирӣ доштани ҳар як ҷузъиёт (вожа, таркиб) ҷолиби диққатанд. Сотим Улуғзода нисбат ба забони асарҳояш масъулияти бузургеро ҳис мекунад. Ҳангоме ду таҳрири румонҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-ро бо ҳам муқоиса намудем, меҳнати ҷиддӣ ва нуктасанҷонаи ўро сари ҳар вожа пай бурдем: саҳифае набуд, ки аз таҳрири заргаронаи муаллиф нагузашта бошад. Диққати ҷиддӣ ба забон на танҳо аз рўи маҳорат ва маданияти нависандагӣ зарур аст, зиёда аз он забони равон, пуртавон ва ғаниву покиза, ки дар арзи садсолаҳо ташаккул ёфтааст, баёнгари ташаккули афкори мардуми мо дар таърихи дуру дароз мебошад. Маҳз тавассути он метавон ҳофизаи таърихии халқ ва ҳувияти миллии онро равшан ифода намуд ва таърихи пуршарафу симои фарзандони барўманди онро офарид.

 

Абдухолиқ НАБАВӢ,

адабиётшинос

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш