Нашрияи Омӯзгор

Риёзидони сермаҳсул

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Мамадҷон Маҳкамов аз зумраи донишмандони пуркор, пурғайрат ва сермаҳсул буда, ки ба қалами ў беш аз 370 номгўй китобҳои гуногун, рисолаҳо, мақолаву тақризҳо мансуб аст.

М.Маҳкамов инсони комил, хоксор, меҳнатдўст ва ҳалим аст. Дониши фарохи андухтаашро ба шогирдон бо роҳу усулҳои навин меомўзад. Умри бобаракаташро барои омўзондани фанни математика ва методикаи таълими он бахшидааст.

Устод шогирдони зиёдеро ба камол расонидааст, ки ҳоло дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он машғули коранд.

Дар бораи фаъолияти омўзгорӣ ва пажўҳандагии М.Маҳкамов дар мақолаву рисолаҳои гуногун маълумоти пурарзиш ба нашр расидаанд.

М.Маҳкамов таҳти роҳбарии профессор В.Я.Крупич рисолаи номзадӣ иншо карда, онро соли 1993 дар Шўрои дифои диссертатсияҳои докторию номзадии Донишгоҳи давлатии омўзгории Маскав ҳимоя ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ гаштааст.

Ҳанўз дар давраи донишҷўияш оид ба ёфтани тарзҳои гуногуни ҳисоби даҳонӣ мақолааш ба унвони «Баъзе усулҳои даҳонакии зарби ададҳо» дар маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1983) чоп шудааст. Солҳои минбаъда зиёда аз 165 китоб, дастури таълимӣ 205 мақола ва маҷмўаи илмӣ барои мутахассисон, омўзгорону донишҷўён таълиф намудааст. Китобҳояш “Методҳои ҳалли муодилаҳои тригонометрӣ”, “Тарзҳои гуногуни ҳалли муодилаҳои дараҷаи 3 ва 4”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои ратсионалӣ», “25 тарзи ҳалли муодилаҳои квадратӣ”, “Математика. Тестҳо барои дохилшавандагон”, “Методҳои ҳалли муодилаҳои дараҷаи олӣ”... аз ҷониби олимону донишҷўён истиқболи гарм дарёфтаанд.

Мамадҷон  Маҳкамов дар ҳамкорӣ бо омўзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназия 8 дастур (“Математика. Ҳалли масъалаҳои синфи 5”...) навиштааст, ки аз онҳо омўзгорон ҳангоми омодашавӣ ба дарс ва санҷишҳои тестӣ васеъ истифода мебаранд.

Номбурда соли 2011 бо Раҳимов Ф.Қ. ва Ҷалилов М. “Роҳнамои нақшаҳои таълим”-ро навиштаанд, ки онро барои таҳияи нақшаҳои таълим дар донишгоҳҳо истифода менамоянд. Инчунин, ў дар таҳия ва нашри китоби “Мактаби олӣ. Қисми сеюм. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ”, соли 2012 иштирок намудааст.

Ин олими варзида дар таҳияи маводи аттестатсияи давлатии хатм барои синфҳои 9 ва 11-и мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар солҳои 2008-2013 фаъолона иштирок намуда, дастурҳои барои ин кор зарурро ба нашр расонидааст.

Устод аз соли 2007 то ҳол ҳамчун мутахассиси Идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМИ-и ҶТ фаъолият дошта, дар такмил, таҳия, ташхису татбиқи нақшаҳои таълимии дараҷаҳои маълумоти бакалавр, мутахассис ва магистри донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар чанд конференсияи бонуфузи байналмилалӣ (дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, Фарои Португалия ва Самараи Россия) иштирок ва суханронӣ кардааст.

Устод М.Маҳкамов бо ордени “Шараф” ва нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

 

Шомуҳаммад ҲАЙДАРӢ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш