- Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб тӯли 53 соли фаъолият зиёда аз 35 ҳазор мутахассиси варзидаи соҳаро тайёр намудааст, ки онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар фаъолият менамоянд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори коллеҷ Ҷ. Назаров.
Соли ҷорӣ бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои дохилии коллеҷ заминаи моддию - таълимии таълимгоҳ беҳтар гардид. Дар се соли охир тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хобгоҳи донишҷӯён ва бому таҳхонаи бинои асосии коллеҷ таъмир гардид. Айни ҳол, коллеҷ дорои 100 компютер буда, ба шабакаи Интернет пайваст мебошад.
Ҷиҳати дастгирии олимону омӯзгорон ва унвонҷӯён, маъмурияти коллеҷ тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, барои дастовардҳои илмӣ, ширкат дар озмунҳо ба ғолибон мукофотпулӣ тақдим мешавад. Донишҷӯёни коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 13 медали тилло, 14 нуқра ва 31 медали биринҷӣ гардиданд.
Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр