Нашрияи Омӯзгор

Пуркору хоксору шарафёр

Сана: 2021-09-08        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дилором Ашўрова доктори илмҳои педагогӣ,  профессори кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  буда, соли 1951 дар деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд, дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст.

Падараш Ашўрбой Эрматов низ тамоми умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Ў хеле барвақт (соли 1968 дар 45 – солагӣ)  вафот кардаасту тарбияи  ҳафт фарзанд ба  уҳдаи завҷааш  мондааст. Дилором вазнинии ҳаёти оилаашонро эҳсос намуда, ҳануз дар 13 - солагиаш ҳар рўз баъди дарс ба саҳро рафта, дар кори колхоз ҳиссагузорӣ мекарду баъди хўроки шом дарсҳояшро тайёр намуда, то бевақтиҳои  шаб  асари бадеӣ  мутоила менамуд.  Ў унвони ҳар муаллифи асари мутоиланамудаашро бо санаи таълиф, номи қаҳрамон, персонажҳои асосӣ ва аз чӣ иборат будани  мақсаду мароми  онҳоро ба дафтари махсус таҳти  шуои чароғи карасинӣ сабт мекарду дар дил орзуи дар оянда адиб ва  омўзгор шуданашро мепарварид.

Ин орзу Дилоромро   соли 1966 ба омўзишгоҳи педагогии шаҳри бостонии Конибодом овард.  Новобаста ба душвории таҳсил, аксари рўзҳо ў  баъди дарс ба саҳрои колхозашон, ба пахтазор  рафта, дар қатори кохозчиҳо пойлуч кор мекард. Ин ҳолати  ўро ҳисобчӣ Абдумаҷид Мирзоев  дида: “Поят аз гармии  замин месўзад, пойафзолатро пўш!” - гўён  дилсузӣ менамуд. Аммо Дилором табассум карда: “Ба ман ҳаминаш  маъқул!” - гўён посух медод. Аслан, ў ягона пойафзолашро эҳтиёт карда, барои ба омўзишгоҳ рафтан истифода менамуд.

Соли 1970 Дилором омўзишгоҳро  бомувафаққият  хатм карду нияти идомаи таҳсил дар мактаби олиро дошт. Аммо  модараш гуфт: “Духтарам,  саросема нашав, имсол кор кун,  либосҳои тобистонаю зимистонаатро барои соли оянда омода соз, баъд  ба хондан рав.” 

Дилором аз насиҳати модар  саркашӣ накард, боз ҳам вазъи гарони оилавиашон пеши назараш омад. Солҳои хониши 1970- 1971 Дилором дар мактаби таҳсилоти миёнаи   умумии № 23-и ноҳияашон дар синфҳои 3 - 4  дарс медод, вале ҳамоно дар дил шавқи таҳсил дар мактаби олиро мепарварид.

 Орзу мекард, ки  омўзгори география  шавад. Меҳри ин фанро муаллими  география И.  Раҳимов дар қалби ў ҷой дода буд. Ба қавли  Дилором, дар ҳар дарс И. Раҳимов   шогирдонро ба киштӣ савор намуда,  ба сайри уқёнусҳо, ҷазираю нимҷазираҳо, дарёю кўлҳо мебурдааст. Бо самолёт парвоз намуда,  аз як мамлакат ба мамлакати дигар рафта, бо релефи он ҷойҳо, масофаи онҳо, бо кадом кор машғул  будани халқи он ҷойҳо, бо  саноат ва бо кадом  мамлакатҳо ҳамҳудуд будани  онҳо  ба шогирдон маълумот  медодааст  ва аз ҳама “сафарҳо” Дилором бештар илҳому лаззат  мегирифтааст...

Соли 1971 орзуи Дилором Ашўрова ҷомаи амал пўшид:  донишҷўи факултети география ва биологияи ДДОТ  ба номи С. Айнӣ шуд. Дар тўли панҷ соли таҳсил  аз устодони сахтгиру  маҳбуби худ илм   омўхта, бо масъулият ва рағбати тамом  донишу  истеъдоди  худро  такмил дод,  нисбат   ба таълим ва корҳои илмию методӣ дилбастагии беҳад пайдо намуд.  Баъди хатми донишгоҳ Дилором ба зодгоҳаш баргашт.

Пас аз  6 соли кор дар омўзишгоҳи касбии техникии шаҳри Конибодом бо дархости устодонаш  боз  ба Душанбе омад ва ба факултети география - биология ба ҳайси лаборант ба кор шурўъ намуда, тадриҷан то ба дараҷаи  омўзгор-ассистенти кафедра  расид. Баъдан  ўро бо маслиҳату  ризоияти академик  Иброҳим Обидов ба кафедраи байнифакултавии донишкада, яъне, ба кафедраи   педагогика ба кор гирифтанд.

Дар кафедраи мазкур ба ҳайси ассистенти  кафедра фаъолият варзида, ҳамзамон, таҳти  роҳбарии академик И. Обидов ба навиштани рисолаи номзадӣ  машғул шуд. Соли 1997 дар мавзўи “Таърихи ташаккули мактабҳои таҳсилоти умумии коргарҷавонон дар Тоҷикистон (1960-1980)” рисолаи номзадӣ дифоъ  намуда, ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои  педагогӣ мушарраф  гардид.

Роҳбарияти  факултети география ва биология  омўзгори ташаббускору қобилиятманд будани  Д. Ашўроваро ба инобат гирифта, соли  2001 ўро мудири кафедраи методикаи таълими география таъйин  карданд, ки дар ин вазифа 5 сол фаъолият намуд.

Соли 2006 бо  даъвати ректори онвақтаи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода, профессор М.Ҷабборова Д. Ашўрова ба кафедраи педагогика ва психологияи ин донишкада ба кор омада, то ҳол дар ҳамин кафедраи  бонуфуз фаъолияти пурсамар дорад.

Ин   бонуи маърифатманд пажўҳишҳои илмиашро идома дода, зери сарварии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ рисолаи докториашро соли 2019 таҳти унвони «Таҳсилоти ғоибонаи  педагогӣ дар Тоҷикистон: таърих, вазъ ва масоили рушди он» дифоъ  намуд ва  ба дарёфти  дараҷаи  илмии   доктори илмҳои педагогӣ  ноил гардидааст.

Профессор Дилором Ашўрова дар баробари машғул шудан ба таълиму тарбияи донишҷўён, пайваста мақолаву асарҳои  илмӣ менависад. Теъдоди асарҳои ин устоди варзида зиёда аз  80 номгўйро ташкил медиҳад, аз ҷумла,   2 монография,  9 васоити  таълимӣ - методӣ ва барномаҳои гуногуни  соҳаи педагогика.

Ў борҳо дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявию умумииттифоқӣ маърўза намуда, диққати мутахассисони  соҳаи педагогикаро ба роҳҳои тадрису такмил ва проблемаҳои актуалии ин фан  ҷалб намудааст.

Дилором Ашўрова барои хизматҳои  бисёрсолаву  бенуқсонаш  бо ифтихорномаҳо ва бо  нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон”  бо мукофотҳои гуногун  қадрдонӣ шудааст.

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор  Дилором Ашўрова  инсони хушсухану чеҳракушоду ҳозирҷавоб  ва ҳамеша мададгори донишҷўён, устодони ҷавони донишкада мебошад ва байни ҳамкорону шогирдон шоистаи обрўву эътибори баланд гардидааст.

Устоди азизро бо фарорасии ҳафтодумин солгарди умри бобаракаташон самимона муборакбод намуда, таманнои онро  дорем, ки комёбиҳои нав ба нав насибашон гардаду ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд.

М. ЛУТФУЛЛОЕВ,

академик, 

С. ШЕРБОЕВ, 

У.ЮЛДОШЕВ,

профессорон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш