Нашрияи Омӯзгор

“Оҳ, аз имрўзи бефардои ў...”

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

(Тақрибан 88 сол қабл Муҳаммад Иқбол вазъи Афғонистонро чунин гуфт ва ҳоло аз он ҳам бадтар аст)

Ончунон ки фарзанди Муҳаммад Иқбол – Ҷовид Иқбол дар китоби хотироташ бо унвони “Зиндарўд” оварда, моҳи сентябри соли 1933 Иқбол бо чанде аз фарҳангиёни Ҳинд бо даъвати Нодиршоҳ– шоҳи Афғонистон ба ин сарзамин меоянд. Ҳадафи сафар машварат перомуни масоили омўзишӣ будааст. Ибтидо назари Иқбол ба вазъи Афғонистон аз он ҷиҳат гарм буд, ки ин мулк дар остонаи як таҳаввулоти ҷиддӣ қарор доштааст: далели аз ҳама муҳим - Нодиршоҳ мехост, ки як донишгоҳи ҷадиде дар Кобул таъсис дода, омўзишу парваришро бо усули ҷадид, бо маслиҳати Иқболу чанде ёронаш ба роҳ бимонад. Дар як мусоҳибааш Иқбол бо як ҷумла ин ибтикоротро шарҳ додааст: “Насли ҷавони ин кишвар хостори фарогирии улуми ҷадид ҳастанд ва мехоҳанд онро бо дину тамаддуни хеш созиш диҳанд...”.

Аснои ин сафар Иқбол дар ҳузури Сарвазири вақти ин мамлакат Сардор Муҳаммад Ҳошимхон аз зарурати сохтани роҳҳо ва кашфи маъданҳо суҳбат карда, афзудааст, ки “бо назардошти он ки дар оянда мавқеи роҳҳои хушкигард меафзояд, Афғонистону Осиёи Марказӣ дар маркази роҳҳое, ки Осиёву Аврупоро ба ҳам мепайвандад, қарор хоҳад дошт. Ин барои Афғонистон хеле муҳим хоҳад буд...”.

Масъалаи дигаре, ки Иқболро аз диду дарёфти вазъи мулки афғон ба ташвиш оварда буд, масъалаи  тарбият будааст. Аҷиб фармудае дорад Иқбол, ки чун шиор бояд барои тамоми милали дунё хидмат кунад: “Миллатҳо бо кумаки шуаро ба вуҷуд меоянд ва бо кумаки сиёсатмадорон рушд мекунанд ё аз байн мераванд. Лизо дархости ман ин аст, ки шуарои Афғонистон ва нависандагони ин кишвар дар ҷисми муосирони худ он рўҳеро бидамонанд, ки онҳо тавонанд худро бишносанд. Миллате, ки дар роҳи тараққӣ қадам мебардорад, “худӣ”-и ў вобаста аз тарбияти махсус аст ва он тарбияте, ки шерозааш бо эҳтиёт гузошта шуда бошад...”.

Тамошои шаҳрҳои Кобулу Ғазнӣ ва Қандаҳор Иқболро ҳам шефта ва ҳам пурандуҳ карда буд. Аз як сў, ифтихор аз гузашта ва аз сўйи дигар - афсўсу надомат аз ин ки кишвар ҳоли табоҳе дорад, ақвомаш парешон ва бо ҳам гургошно, мамлакате саросар бесаводиву ифроту таассуб... Ва Иқбол дар ҷаласае ошкоро хулосаи хешро мегўяд: “Афғонистон ба марде эҳтиёҷ дорад, ки ин кишварро аз зиндагии фирқаӣ бадар оварад ва мардумро ба ваҳдату ягонагии миллӣ ошно созад...”.

Ҷасорати Иқбол - ин нобиғаи ҳикмату шеърро бинед, ки ин ҷумларо дар маҳфиле баён доштааст, ки дар он вазири дифои кишвар Шоҳ Маҳмудхон ширкат дошт...

Дар такшуури Иқбол аз сафараш ба ин мамлакат нороҳатие эҷод шуд: кишваре, ки мардумонаш иттиҳод надорад, фирқа-фирқа бо хостаҳои хеш дар дину оин ва суннатҳо ба сар мебарад, расму одатҳои қурунивустоӣ то кунун побарҷост...

Аз дидаву шунидаҳо Иқбол маснавие таълиф кард бо унвони “Мусофир”. Аз нигоҳи ин мутафаккир, Афғонистон сарзамине паҳновар, пур аз “боғу роғу дашту ҷар”, мамлакате дар қалби Осиё, дурдонаи Осиё, мавқеи ҷуғрофиаш боиси рашки даҳҳо кишвари дигар: аз як сў – роҳ ба уқёнусу бандарҳо, яъне беҳтарин василаи тиҷорат, аз сўи дигар – кишварҳои Осиёи Марказӣ ва онсўтар – Русия... Дар сурати мавҷудияти иттиҳоду ҳамбастагии қавму қабилаҳо, дар ҳоли ҷо кардани ғояи рушду тараққӣ тавассути илму дониш дар тинати мардум, огоҳ кардани омма аз он ки бепарвоӣ ва нотифоқиашон оқибат онҳоро ба муддатҳои тўлонӣ дар “асорат”-и абарқудратҳо хоҳад гузошт, зарурати як ислоҳоти фарогире, ки бояд аз омўзишу парвариш оғоз шавад, ин мулк комилан тағйири вазъ хоҳад кард, аммо...

Дар байтҳои зер аз маснавии “Мусофир” Иқбол сарнавишти талхи ин мамлакатро 88 сол қабл пешгўӣ кард ва имрўзҳо дар кулли расонаҳои олам чизи дигаре шарҳ намеёбад, ба ҷуз ҳамон дардҳои куҳнае, ки Иқбол дар ин маснавӣ ба онҳо ишора карда буд:

Тай намудам боғу роғу дашту дар,

Чун сабо бигзаштам аз кўҳу камар.

Хайбар аз мардони Ҳақ бегона нест,

Дар дили ў сад ҳазор афсонаест.

Ҷода кам дидам аз ў печидатар,

Ёва гардад дар хаму печаш назар.

Сабза дар домони кўҳсораш маҷўй,

Аз замираш барнаёяд рангу бўй.

Сарзамине, кабки ў шоҳинмизоҷ,

Оҳуи ў гирад аз шерон хироҷ.

Дар фазояш ҷуррабозон тезчанг,

Ларза бар тан аз ниҳеби шон паланг.

Лекин аз бемарказӣ ошуфтарўз,

Бенизому нотамому нимсўз.

Фарри бозон нест дар парвозашон,

Аз тазарвон пасттар парвозашон.

Оҳ, қавме бе табу тоби ҳаёт,

Рўзгораш бенасиб аз воридот.

Он яке андар суҷуд, ин дар қиём,

Кору бораш чун салоти беимом.

Рез-рез аз санги ў минои ў,

Оҳ, аз имрўзи бефардои ў!

Он чизе, ки барои Иқбол дар он замон таассуфангез буд ва имрўз барои мо низ хеле дарднок, ҳамин аст, ки қавму қабоили ин сарзамин ҳеҷ даъвои худӣ (он чизе, ки Иқбол мехосту мегуфт) надоранд, нисбат ба сарнавишташон беэътиноянд, иттиҳод дар гирди сарваре, ки онҳоро ба манзили тараққиву осоиш бубарад, барояшон бегона аст.

Ҳоло, ҳамин шабу рўзҳо, ҳар вақте сухан аз фоҷеоти Афғонистон равад, ҳатто коршиносони ҳирфаӣ мегўянд, ки ин кишвар мудом фирефтаи абарқудратҳо, майдони бозиҳои пуштипардагии онҳо, василаи ситонидани қассоси ҳамдигар шудааст. Ҳар абарқудрате тавассути ин кишвари чиҳил сол боз оғуштаи хун манфиатҳои хешро таги чашм дорад.

Ду ҷанги инглису афғон, истилои русҳо дар тўли 10 сол (1979-1989) ва 20 соли ҳузури амрикоиҳо (2001-2021) гўиё натиҷае надоданд: як тўда паштуҳои саропо мусаллаҳ ҳам бо аслиҳа ва ҳам бо идеяи асримиёнагии ташкили давлати фундаменталистии динӣ, ки асосан аз як қавми афғонҳо иборатанд, дар ду ҳафтаи баъди “фирор”-и амрикоиҳо ҳама орзуву умедҳои ҳаёти ҷадидро барҳам заданд: ҳам тарзи ҳаёти сусиёлистие, ки русҳо тўли даҳ сол таҳмилашон карда буданд (ба ҳар ҳол, сохтмони макотиб, беморхонаҳо, роҳҳо, иншооти обёрӣ ва дигар инфрасохтори лозим барои тараққиёт) ва ҳам кумаки амрикоиҳо барои таҷҳизонидани артиш ва дар мағзи афғонҳо ҷой кардани арзиши ҳуқуқи инсон (тавассути лоиҳаҳо, ҷалби бонувон ба корҳои иҷтимоӣ, озодии афкору баён, расонаҳои мустақил, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра, дар маҷмўъ – 2 триллион дулор) ҳамагӣ барбод рафт. Аз онҳо нишоне намонд. Фазои Афғонистонро абри сиёҳе фаро гирифт ва акнун касе пешгўӣ карда наметавонад, ки боз кай хуршеди озодиву истиқлоли давлат, офтоби ҳаёти шоиста барои ҳар сокини ин мулки ҷафодида аз нав тулўъ хоҳад кард...

Аз аъмоқи таърих Афғонистон ба чунин сурат зуҳур карда ва то кунун симои худро ҳамчун як кишвари парешонқавму парешонмиллат тағйир надода... Танҳо боре соли 1747 қумондони сарсахте бо исми Аҳмадшоҳи Дурронӣ тавонистааст, ки мулкҳои алоҳидаи Пешовар, Кобул ва Қандаҳору Ҳиротро, тавре ки дар таърих омада “бо шамшер, макр, хуну оташ ва хиёнатҳо муттаҳид бикунад ва як навъ федератсия бисозад”. Баъди марги Дурронӣ ин мулкҳо аз нав ба ҳоли пешини хеш баргаштанд. 

Гарчи тоҷикон (46 фоизи аҳолии Афғонистон) аз дигар ақвом бештар бошанд ҳам, аммо то кунун бино ба омилҳои айнӣ (таърих ёд надорад, ки ҳеҷ абарқудрате ҷонибдори тоҷикон бошад) натавонистаанд як иттиҳоди сиёсию ҳарбии нерумандеро таъсис бидиҳанд. Истисно танҳо ҳукуматдории муваққати устод Бурҳониддин Раббонӣ буд, ки он замон ба ҷуз Кобулу чанд минтақаи шимол, ҳатто ба ўзбактаборон таъсир надошт...

Аммо таърих мегўяд, ки паштуҳо тактикаи озмудаи ҷангӣ ва макру ҳиллаҳое доштаанд ва дар ҳоли хатар зуд нифоқу низоъҳои байнихудиашонро фаромўш мекардаанд. Онҳо лашкари бегонаро дарунтар дароварда, дар дараҳои танг ба шикаст мувоҷеҳ мекарданд, ҳуҷуми лашкари Ҳахоманишиҳо дар қарни VI-и пеш аз милод аз таърих гувоҳ аст. Ҳатто Искандари Мақдунӣ тавассути ҷониби худ ба сад ҳилла ҷалб кардани қабилаҳои пашту тавонист нисбатан солим аз ин минтақа берун шавад.  Шикасти се абарқудрати ҷаҳонӣ – Британияи Кабир дар асри XIX, Русия дар асри XX ва ҳамакнун Амрико дар имрўз аз мушкил будани истилои ин кишвар ва ба таври ҳайратангез сахтҷон будани аҳолии ин мамлакат дар дифои сарзамини хеш гувоҳӣ медиҳанд.

(Давом дорад)

Ҳафиз РАҲМОН,

адабиётшинос, устоди ДМТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш