Нашрияи Омӯзгор

Каломи масъулиятафзо

Сана: 2021-09-13        Дида шуд: 773        Шарҳ: 0

 

Боиси ифтихори мо – аҳли таълиму тарбия аст, ки дар кишварамон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф аз афзалият бархўрдор буда, ғамхорӣ нисбат ба он пайваста меафзояд.

Ҳукумати  кишвар бо ҳадафи давра ба давра боз ҳам хубтар намудани вазъи  соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии таълимгоҳҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди рўзафзуни соҳа тадбирҳои муҳиму корагар меандешад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо эътирофи нақши боризи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз аз тамоми имконот ва воситаҳо пурсамару ҳадафмандона истифода менамояд. Барои ба камол расондани наслҳои сазовори миллат, наслҳое, ки донишу биниши васеъ дошта бошанд, ба забондонию омўзиши технологияи муосир пайваста ҷидду ҷаҳд намоянд, омўзгоронро мебояд, ки мунтазам ихтисосашонро такмил бахшанд, тозакору навовар бошанд.

Дар суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи фаъолияти гимназияи № 4-и шаҳри  Душанбе ба муҳимтарин самтҳову махсусиятҳои фаъолияти кормандони муассисаҳои таълимӣ дахл карда шуд. Сарвари кишвар  бо эътиқоду ихлос, боварию эҳтиром нисбат ба аҳли маориф зарурати боз ҳам тақвият бахшидани ҷараёни таълиму тарбияи насли наврасро ба миён гузоштанд. Дар суханронии Пешвои миллат, махсусан, масоили зерин мавриди таваҷҷуҳу баррасӣ ва тавзеҳу ташреҳ қарор гирифтанд: моҳияту аҳамияти сулҳу осоиштагию ваҳдат дар ҳаёти одамон ва пешрафти мамлакат, омўзишу талқини фарҳанги сулҳ, ҳидояти шогирдон ба ватандўстию ифтихори миллӣ, ҳадафҳои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021- 2025», тадбирандешиҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, мусоидат ба тақвияти ҷараёни касбомўзии шогирдон ва ҳамбастагии назария бо амалия, омўзиши фарогиру амиқи технологияҳои муосир, иштироки фаъолонаи наврасону ҷавонон дар озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ», «Илм – фурўғи маърифат» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, татбиқи марҳила ба марҳилаи нишондоду аҳдофи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», чораандешӣ вобаста ба ҳифзи мафкураи насли наврас аз таъсири омилу равандҳои ношоиставу манфури ҷаҳони муосир, чун экстремизму терроризм ва низоъангезию тафриқаандозӣ…

Зимни суханронии пурмуҳ-тавои хеш Сарвари кишвар таъкид карданд, ки омўзиши ҳамешагӣ бояд маромномаи зиндагии  хурду калон – ҳар як сокини мамлакат бошад ва бояд ҳамеша бар зидди ҷаҳолату бесаводӣ мубориза бурд. Пешвои миллат бо камоли хирадмандӣ таъкид сохтанд: «Давлатро кадрҳои донишманду соҳибмаърифат ва ватандўсту ватанпарвар обод мекунанд. Ватан ва давлатро ҳаргиз бо ҷаҳолату бесаводӣ пеш бурдану соҳибӣ кардан имкон надорад. Зеро ҷаҳолату бесаводӣ фақат бадбахтиву нокомӣ меоварад».

Ин суханони хеле ҳикматборро, махсусан, мо – аҳли таълиму тарбияи бояд ҳамеша дар мадди назар дошта бошем ва бар он бикўшем, ки шогирдони сазовори Ватану миллат, ободкору босалоҳиятро ба камол расонем ва барои  ин бояд мунтазам донишу маҳорату малакаи худро такмил бубахшем, ташаббускор ва навовар бошем ва сазовор ба ин даъвати Пешвои миллат рафтор намоем: «Ҳар як роҳбар ва шахси масъули соҳаи маориф ва ҳар як омўзгор вазифадор аст, ки рисолати худро софдилона ва аз рўйи виҷдон анҷом дода, барои таълиму тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат ва хештаншиносу ватандўст саҳми фаъол гузорад».

 

Садбарг Ғиёсова,

омўзгори МТМУ №3-и

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш